Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Ҳикояти он амир, ки ғуломро гуфт, ки май биёр. Ғулом рафт ва сабӯйи май овард, дар роҳ зоҳиде буд, амри маъруф кард, зад санге ва сабӯро бишикаст. Амир бишунид ва қасди гӯшмоли зоҳид кард ва ин қасд дар аҳди дини Исо буд алайҳиссалом, ки ҳанӯз май ҳаром нашуда буд, валекин зоҳид тақаззузе мекард ва аз танаъъум манъ мекард

Буд амире, хушдиле, майборае,
Каҳфи ҳар махмуру ҳар бечорае.
Мушфиқе, мискиннавозе, одиле,
Ҷавҳаре, зарбахшише, дарёдиле.
Шоҳи мардону амиралмӯъминин,
Роҳбону роздону дӯстбин.
Даври Исо буду айёми Масеҳ,
Халқ дилдору камозору малеҳ.
Омадаш меҳмон ба ногоҳон шабе
Ҳам амире, ҷинси ӯ, хушмазҳабе.
Бода мебоясташон дар назми ҳол,
Бода буд он вақт маъзуну ҳалол.
Бода-шон кам буду гуфто: «Эй ғулом!
Рав, сабӯ пур кун, ба мо овар мудом.
Аз фалон роҳиб, ки дорад хамри хос,
То зи хосу ом ёбад ҷон халос».
Ҷуръае з-он ҷоми роҳиб он кунад,
Ки ҳазорон ҷарраву хумдон кунад.
Андар он май мояи пинҳонӣ аст,
Ончунон, к-андар або султонӣ аст.
Ту ба далқи пора-пора кам нигар,
Ки сияҳ карданд аз беруни зар.
Аз барои чашми бад мардуд шуд
В-аз бурун он лаъл дудолуд шуд.
Ганҷу гавҳар кай миёни хонаҳост?
Ганҷҳо пайваста дар вайронаҳост.
Ганҷи Одам чун ба вайрон буд дафин,
Гашт тинаш чашмбанди он лаъин.
ӯ назар мекард дар тин суст-суст,
Ҷон ҳамегуфташ, ки тинам садди туст.
Ду сабӯ бистад ғулому хуш давид,
Дарзамон дар дайри руҳбонон расид.
Зар бидоду бодаи чун зар харид,
Санг доду дар иваз гавҳар харид.
Бодае, к-он бар сари шоҳон ҷаҳад,
Тоҷи зар бар тораки соқӣ ниҳад.
Фитнаҳову шӯрҳо ангехта,
Бандагону хусравон омехта.
Устухонҳо рафта, ҷумла ҷон шуда,
Тахту тахта он замон яксон шуда.
Вақти ҳушёрӣ чу обу равғананд,
Вақти мастӣ ҳамчу ҷон андар тананд.
Чун ҳариса гашта, он ҷо фарқ нест,
Нест фарқе, к-андар он ҷо ғарқ нест.
Инчунин бода ҳамебурд он ғулом
Сӯйи қасри он амири некном.
Пешаш омад зоҳиде, ғамдидае,
Хушкмағзе, дар бало печидае.
Тан зи оташҳои дил бигдохта,
Хона аз ғайри Худо пардохта.
Гӯшмоли меҳнати безинҳор,
Доғҳо бар доғҳо чандин ҳазор.
Дида ҳар соат дилаш дар иҷтиҳод,
Рӯзу шаб чафсида ӯ бар иҷтиҳод.
Солу маҳ дар хуну хок омехта,
Сабру ҳилмаш нимшаб бигрехта.
Гуфт зоҳид: «Дар сабӯҳо чист он?»
Гуфт: «Бода». Гуфт: «Они кист он?»
Гуфт: «Они он фалон мири аҷал»,
Гуфт: «Толибро чунин бошад амал?
Толиби Яздону он гаҳ айшу нӯш?
Бодаи шайтону он гаҳ нимҳуш?
Ҳуши ту бе май чунин пажмурда аст,
Ҳушҳо бояд бар он ҳуши ту баст.
То чӣ бошад ҳуши ту ҳангоми сукр?
Эй чу мурғе гашта сайди доми сукр!»

144/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj