Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Ҳикояти он муаззини зиштовоз, ки дар кофиристон бонги намоз дод ва марди кофире ӯро ҳадя дод

Як муаззин дошт бас овози бад,
Дар миёни кофиристон бонг зад.
Чанд гуфтандаш: «Магӯ бонги намоз,
Ки шавад ҷангу адоватҳо дароз».
ӯ ситеза карду пас бе эҳтироз
Гуфт дар кофирситон бонги намоз.
Халқ хоиф шуд зи фитнай омае,
Худ биёмад кофире бо ҷомае.
Шамъу ҳалво бо чунон ҷомай латиф,
Ҳадя оварду биёмад чун алиф.
Пурс-пурсон, к-ин муаззин ку? Куҷост?
Ки салову бонги ӯ роҳатфизост.
Ҳин, чӣ роҳат буд з-он овози зишт?
Гуфт: «Овозаш фитод андар куништ.
Духтаре дорам латифу бас санӣ,
Орзу мебуд ӯро мӯъминӣ.
Ҳеч ин савдо намерафт аз сараш,
Пандҳо медод чандин кофираш.
Дар дили ӯ меҳри имон руста буд,
Ҳамчу миҷмар буд ин ғам, ман чу уд.
Дар азобу дарду ишканҷа будам,
Ки биҷунбад силсилай ӯ дам ба дам.
Ҳеч чора менадонистам дар он,
То фурӯ хонд ин муаззин он азон.
Гуфт духтар: «Чист ин макрӯҳ бонг?
Ки ба гӯшам омад ин ду чор донг?
Ман ҳамай умр ин чунин овози зишт
Ҳеч нашнидам дар ин дайру куништ.
Хоҳараш гуфто, ки ин бонги азон
Ҳаст эълому шиори мӯъминон.
Бовараш н-омад, бипурсид аз дигар,
Он дигар ҳам гуфт оре, эй падар!
Чун яқин гашташ, рухи ӯ зард шуд,
Аз мусулмонӣ дили ӯ сард шуд.
Бозрастам ман зи ташвишу азоб,
Дӯш хуш хуфтам дар он бехавф хоб.
Роҳатам ин буд аз овози ӯ,
Ҳадя овардам ба шукр, он мард ку?»
Чун бидидаш, гуфт: «Ин ҳадя пазир,
Ки маро гаштӣ муҷиру дастгир.
Он чӣ кардӣ бо ман аз эҳсону бирр,
Бандаи ту гаштаам ман, мустамирр.
Гар ба молу милку сарват фардаме,
Ман даҳонатро пур аз зар кардаме».
Ҳаст имони шумо зарқу маҷоз,
Роҳзан ҳамчун ки он бонги намоз.
Лек аз имону сидқи Боязид
Чанд ҳасрат дар дилу ҷонам расид.
Ҳамчу он зан, к-ӯ ҷимоъи хар бидид,
Гуфт: «О ваҳ! Чист ин фаҳли фарид?
Гар ҷимоъ ин аст, бурданд ин харон,
Бар куси мо мериянд ин шавҳарон».
Дод ҷумлай доди имон Боязид,
Офаринҳо бар чунин шери фарид.
Қатрае з-имон-ш дар баҳр ар равад,
Баҳр андар қатрааш ғарқа шавад.
Ҳамчу з-оташ заррае дар бешаҳо,
Андар он зарра шавад беша фано.
Чун хаёле дар дили шаҳ, ё сипоҳ,
Кард андар ҷанг хасмонро табоҳ.
Як ситора дар Муҳаммад рух намуд,
То фано шуд гавҳари габру ҷуҳуд.
Он ки имон ёфт, рафт андар амон,
Куфрҳои боқиён шуд з-ӯ гумон.
Куфри сирфи аввалин боре намонд,
Ё мусулмониву ё биме нишонд.
Ин ба ҳила обу равған карданест,
Ин масалҳо куфви заррай нур нест.
Зарра набвад ҷуз ҳақире мунҷасим,
Зарра набвад шориқи «ло янқасим».
Гуфтани зарра муроде дон, хафӣ,
Маҳрами дарё найӣ ин дам, кафӣ.
Офтоби наййири имони шайх
Гар намояд рух зи шарқи ҷони шайх.
Ҷумла пастӣ ганҷ гирад то сарӣ,
Ҷумла боло хулд гирад ахзарӣ.
ӯ яке ҷон дорад аз нури мунир,
ӯ яке тан дорад аз хоки ҳақир.
Эй аҷаб! Ин аст ӯ ё он? Бигӯ,
Ки бимондам андар ин мушкил, аму!
Гар вай ин аст, эй бародар, чист он?
Пур шуда аз нури ӯ ҳафт осмон!
В-ар вай он аст, ин бадан, эй дӯст, чист?
Эй аҷаб! З-ин ду кадомин асту кист?

142/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj