Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Гуфтани хешовандон Маҷнунро, ки ҳусни Лайлӣ ба андозаест, чандон нест. Аз ӯ нағзтар дар шаҳри мо бисёр аст, яке ва ду даҳ бар ту арза кунем, ихтиёр кун, моро худро вораҳон. Ва ҷавоб гуфтани Маҷнун эшонро

Аблаҳон гуфтанд Маҷнунро зи ҷаҳл:
«Ҳусни Лайлӣ нест чандон, ҳаст саҳл.
Беҳтар аз вай садҳазорон дилрабо
Ҳаст ҳамчун моҳ андар шаҳри мо».
Гуфт: «Сурат кӯза асту ҳусн май,
Май Худоям медиҳад аз нақши вай.
Мар шуморо сирка дод аз кӯзааш,
То набошад ишқи ӯтон гӯшкаш».
Аз яке кӯза диҳад заҳру асал,
Ҳар якеро дасти Ҳақ азза ва ҷал.
Кӯза мебинӣ, валекин он шароб
Рӯй нанмояд ба чашми носавоб.
«Қосироту-т-тарф» бошад завқи ҷон,
Ҷуз ба хасми худ бинанмояд нишон.
«Қосироту-т-тарф» омад он мудом
В-ин ҳиҷоби зарфҳо ҳамчун хиём.
Ҳаст дарё хаймае, дар вай ҳаёт
Баттро, лекин кулоғонро мамот.
Заҳр бошад морро ҳам қуту барг,
Ғайри ӯро заҳри ӯ дард асту марг.
Сурати ҳар неъматеву меҳнате,
Ҳаст инро дӯзах, онро ҷаннате.
Пас ҳамай аҷсому ашё «тубсирун»
В-андар ӯ қут асту сам «ло тубсирун».
Ҳаст ҳар ҷисме чу коса-в кӯзае,
Андар ӯ ҳам қуту ҳам дилсӯзае.
Коса пайдо, андар ӯ пинҳон рағад,
Тоаташ донад, к-аз он чӣ мех(в)арад?
Сурати Юсуф чу ҷоме буд хуб,
З-он падар мехӯрд сад бодай таруб.
Боз ихвонро аз он заҳр об буд,
К-он дар эшон хашму кина мефузуд.
Боз аз вай мар Зулайхоро сакар
Мекашид аз ишқ афюне дигар.
Ғайри он чӣ буд мар Яъқубро,
Буд аз Юсуф ғизо он хубро.
Гуна-гуна шарбату кӯза яке,
То намонад дар майи ғайбат шаке.
Бода аз ғайб асту кӯза з-ин ҷаҳон,
Кӯза пайдо, бода дар вай бас ниҳон.
Бас ниҳон аз дидаи номаҳрамон,
Лек бар маҳрам ҳувайдову аён.
Ё Илоҳо! «Суккират абсоруно,
Фаъфу ъанно усқилат авзоруно.
Ё хафийян қад малаъта-л-хофиқайн,
Қад ъалавта фавқа нури-л-машриқайн.
Анта сиррун кошифун асрорино,
Анта фаҷрун муфҷирун анҳорино.
Ё хафийя-з-зоти маҳсуса-л-ато,
Анта ка-л-моъи ва наҳну ка-р-раҳо.
Анта ка-р-риҳи ва наҳну ка-л-ғубор,
Тахтафи-р-риҳу ва ғаброҳо ҷиҳор».
Ту баҳорӣ, мо чу боғи сабз х(в)аш,
ӯ ниҳону ошкоро бахшишаш.
Ту чу ҷонӣ, мо мисоли дасту по,
Қабзу басти даст аз ҷон шуд раво.
Ту чу ақлӣ, мо мисоли ин забон,
Ин забон аз ақл дорад ин баён.
Ту мисоли шодиву мо хандаем,
Ки натиҷай шодии фархундаем.
Ҷунбиши мо ҳар даме худ «ашҳад» аст,
Ки гувоҳи зулҷалоли сармад аст.
Гардиши сангосиё дар изтироб,
«Ашҳад» омад бар вуҷуди ҷӯйи об.
Эй бурун аз ваҳму қолу қили ман,
Хок бар фарқи ману тамсили ман.
Банда нашкебад зи тасвири х(в)ашат,
Ҳар дамат гӯяд, ки ҷонам мафрашат.
Ҳамчу он чӯпон, ки мегуфт, эй Худо!
Пеши чӯпону муҳибби худ биё.
То шапуш ҷӯям ман аз пероҳанат,
Чоруқат дӯзам, бибӯсам доманат.
Кас набудаш дар ҳавову ишқ ҷуфт,
Лек қосир буд аз тасбеҳу гуфт.
Ишқи ӯ хиргоҳ бар гардун зада,
Ҷон саги хиргоҳи он чӯпон шуда.
Чунки баҳри ишқи Яздон ҷӯш зад,
Бар дили ӯ зад, туро бар гӯш зад.

138/177
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj