|
|
|
|
Шарҳ кардани Мӯсо алайҳиссалом он чаҳор фазилатро, ҷиҳати поймузди имони ФиръавнГуфт Мӯсо, к-аввалини он чаҳор Сиҳҳате бошад танатро пойдор. Ин илалҳое, ки дар тиб гуфтаанд, Дур бошад аз танат, эй арҷманд! Сониян бошад туро умри дароз, Ки аҷал дорад зи умрат эҳтироз. В-ин набошад баъди умри муставӣ, Ки ба ноком аз ҷаҳон берун равӣ. Балки хоҳони аҷал чун тифли шир, На зи ранҷе, ки туро дорад асир. Маргҷӯ бошӣ, вале н-аз аҷзи ранҷ, Балки бинӣ дар хароби хона ганҷ. Пас ба дасти хеш гирӣ тешае, Мезанӣ бар хона бе андешае. Ки ҳиҷоби ганҷ бини хонаро, Монеъи сад хирман ин як донаро. Пас дар оташ афганӣ ин донаро, Пеш гирӣ пешаи мардонаро. Эй ба як барге зи боғе монда, Ҳамчу кирме баргаш аз раз ронда. Чун карам ин кирмро бедор кард, Аждаҳои ҷаҳлро ин кирм х(в)ард. Кирм карме шуд пур аз мева-вдарахт, Инчунин табдил гардад некбахт.
98/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|