|
|
|
|
Баёни он ки аҳд кардани аҳмақ вақти гирифторӣ ва надам ҳеч вафое надорад, ки «ва лав рудду лаъоду лимо нуҳу анҳу ва иннаҳум ликозибун», субҳи козиб вафо надорадАқл мегуфташ: «Ҳамоқат бо ту аст, Бо ҳамоқат аҳдро ояд шикаст. Ақлро бошад вафои аҳдҳо, Ту надорӣ ақл, рав, эй харбаҳо. Ақлро ёд ояд аз паймони х(в)ад, Пардаи нисён бидарронад хирад. Чунки ақлат нест, нисён мири туст, Душману ботилкуни тадбири туст. Аз камии ақл парвонай хасис Ёд н-орад з-оташу сӯзу ҳасис. Чунки парраш сӯхт, тавба мекунад, Озу нисёнаш бар оташ мезанад. Забту дарку ҳофизиву ёддошт Ақлро бошад, ки ақл онро фарошт. Чунки гавҳар нест, тобаш чун бувад? Чун музаккир нест, иёбаш чун бувад? Ин таманно ҳам зи беақлии ӯст, Ки набинад, к-он ҳамоқатро чӣ хӯст. Он надомат аз натиҷай ранҷ буд, На зи ақли равшани чун ганҷ буд. Чунки шуд ранҷ, он надомат шуд адам, Менаярзад хок он тавба-в надам. Он надам аз зулмати ғам баст бор, Пас «калому-л-лайли ямҳуҳу-н-наҳор». Чун бирафт он зулмати ғам, гашт х(в)аш, Ҳам равад аз дил натиҷа-в зодааш. Мекунад ӯ тавбаву пири хирад Бонги «лав руддулаъду» мезанад.
89/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|