Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Ҳикояти он подшоҳзода, ки подшоҳии ҳақиқӣ ба вай рӯй намуд «явма яфирру-л-маръу мин ахиҳи ва уммиҳи ва абиҳи» нақди вақти ӯ шуд – подшоҳии ин хоктӯдаи кӯдактабъон, ки қалъагирӣ ном кунанд: он кӯдак, ки чира омад, ояд бар сари хокитӯда барояд ва лоф занад, ки қалъа марост. Кӯдакони дигар бар вай рашк баранд, ки «ат-туробу рабеъу-с-сибёни» – он подшоҳзода чу аз қайди рангҳо бираст, гуфт; ман ин хокҳои рангинро ҳамон хоки дун мегӯям зару атлас ва иксун намегӯям, ман аз ин иксун растам, ба яксун рафтам ва «отайноҳу-л-ҳукма» сабийян, иршоди Ҳақро мурури солҳо ҳоҷат нест. Дар қудрати «кун фаякун» ҳеч кас сухани қобилият нагӯяд

Подшоҳе дошт як барно писар,
Ботину зоҳир музайян аз ҳунар.
Хоб дид ӯ, к-он писар ногаҳ бимурд,
Софии олам бар он шаҳ гашт дурд.
Хушк шуд аз тоби оташ машки ӯ,
Ки намонд аз таффи оташ ашки ӯ.
Ончунон пур шуд зи дуду дард шоҳ,
Ки намеёбид дар вай роҳ оҳ.
Хост мурдан, қолибаш бекор шуд,
Умр монда буд, шаҳ бедор шуд.
Шодие омад зи бедориш пеш,
Ки надида буд андар умри хеш.
Ки зи шодӣ хост ҳам фонӣ шудан,
Бас мутаввақ омад ин ҷону бадан.
Аз дами ғам мебимирад ин чароғ,
В-аз дами шодӣ бимирад, ин-т лоғ.
Дар миёни ин ду марг ӯ зиндааст,
Ин мутаввақшакл ҷойи ханда аст.
Шоҳ бо худ гуфт: «Шодиро сабаб,
Ончунон ғам буд аз тасбиби раб».
Эй аҷаб, як чиз аз як рӯйи марг,
В-он зи як рӯйи дигар эҳёву барг.
Он яке нисбат бад-он ҳолат ҳалок,
Боз ҳам он сӯйи дигар имтисок.
Шодии тан сӯйи дунёвӣ камол,
Сӯйи рӯзи оқибат нақсу завол.
Хандаро дар хоб ҳам таъбир хон,
Гиря гӯяд бо дареғу андуҳон.
Гиряро дар хоб шодиву фараҳ,
Ҳаст дар таъбир, эй соҳибмараҳ!
Шоҳ андешид, к-ин ғам худ гузашт,
Лек ҷон аз ҷинси ин бадзанн гашт.
В-ар расад хоре чунин андар қадам,
Ки равад гул, ёдгоре боядам.
Чун фаноро шуд сабаб бемунтаҳо,
Пас кадомин роҳро бандем мо?
Сад дарича-в дар суйи марги ладеғ,
Мекунад андар гушодан жи-жи.
Жи-жи талхи он дарҳои марг,
Нашнавад гӯши ҳарис аз ҳирси барг.
Аз суйи тан дардҳо бонги дар аст,
В-аз суйи хасмон ҷафо бонги дар аст.
Ҷони сар! Бархон даме феҳристи тиб,
Нори иллатҳо назар кун мултаҳиб.
З-он ҳама ғурҳо дар ин хона раҳ аст,
Ҳар ду гоме пур зи каждумҳо чаҳ аст.
Бод тунд асту чароғам абтаре,
З-ӯ бигиронам чароғи дигаре.
То бувад, к-аз ҳар ду як воме шавад,
Гар ба бод он як чароғ аз ҷо равад».
Ҳамчу ориф, к-аз тани ноқис чароғ,
Шамъи дил афрӯхт аз баҳри фароғ.
То ки рӯзе, к-ин бимирад ногаҳон,
Пеши чашми худ ниҳад ӯ шамъи ҷон.
ӯ накард ин фаҳм, пас дод аз ғирар
Шамъи фониро ба фоние дигар.

119/140
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj