|
|
|
|
|
|
|
|
|
دفتر چهاروم |
|
|
Қавлуҳу алайҳиссалом «ман башшаранӣ би хуруҷи сафарин башшартауҳу билҷаннати»Аҳмади охирзамонро интиқол Дар рабеъи аввал ояд бе ҷидол. Чун хабар ёбад дилаш з-ин вақти нақл, Ошиқи он вақт гардад ӯ ба ақл. Чун сафар ояд, шавад шод аз сафар, Ки пас аз ин моҳ месозам сафар. Ҳар шабе то рӯз з-ин шавқи ҳудӣ «Эй рафиқи роҳи аъло» мезадӣ. Гуфт: «Ҳар кас, ки маро мужда диҳад, Чун сафар пой аз ҷаҳон берун ниҳад. Ки сафар бигзашту шуд моҳи рабеъ, Муждавар бошам мар ӯрову шафеъ». Гуфт уккоша: «Сафар бигзашту рафт», Гуфт, ки ҷаннат туро, эй шери зафт. Дигаре омад, ки бигзашт он сафар, Гуфт: «Уккоша бибурд аз муждабар». Пас риҷол аз нақли олам шодмон В-аз бақояш шодмон ин кӯдакон. Чунки оби хуш надид он мурғи кӯр, Пеши ӯ Кавсар намояд оби шӯр. Ҳамчунин Мӯсо каромат мешумурд, Ки нагардад софи иқболи ту дурд. Гуфт: «Аҳсант»-у накӯ гуфтӣ, валек То кунам ман машварат бо ёри нек».
Саҳифаи 102/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|