|
|
|
|
Ғарра шудани одамӣ ба заковат ва тасвироти табъи хештан ва талаб нокардани илми ғайб, ки илми анбиёстДидам андар хона ман нақшу нигор, Будам андар ишқи хона беқарор. Будам аз ганҷи ниҳоне бехабар В-арна дастанбӯйи ман будӣ табар. Оҳ, гар доди табарро додаме, Ин замон ғамро табарро додаме. Чашмро бар нақш меандохтам, Ҳамчу тифлон ишқҳо мебохтам. Пас накӯ гуфт он ҳакими комёр, Ки ту тифлӣ, хона пурнақшу нигор. Дар «Илоҳинома» бас андарз кард, Ки барор аз дудмони «хеш» гард. «Бас кун, эй Мӯсо! Бигӯ ваъдай севум, Ки дили ман з-изтиробаш гашт гум». Гуфт Мӯсо: «Он севум мулки дутӯ Ду ҷаҳоне, холис аз хасму адӯ. Бештар з-он мулк, к-акнун доштӣ, К-он буд андар ҷанг в-ин дар оштӣ. Он ки дар ҷангат чунон мулке диҳад, Бингар андар сулҳ, хонат чун ниҳад. Он карам, к-андар ҷафо онҳот дод, Дар вафо бингар, чӣ бошад ифтиқод». Гуфт: «Эй Мӯсо! Чаҳорум чист? Зуд Бозгӯ, сабрам шуду ҳирсам фузуд». Гуфт: «Чорум он ки монӣ ту ҷавон, Мӯй ҳамчун қиру рух чун арғавон. Рангу бӯ дар пеши мо бас косид аст, Лек ту пастӣ, сухан кардем паст. Ифтихор аз рангу бӯву аз макон Ҳаст шодиву фиреби кӯдакон».
100/140 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|