Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 

 
rumi

Дар тафсири ин ҳадиси Мустафо, ки «иналлоҳа таъоло халақа-л-малоиката ва раккиба фаҳиму-л-ақла ва халақа-л-баҳоима ва раккиба фаҳиму-ш-шаҳвата ва халақа банӣ Одам ва раккиба фаҳиму-л-ақла ва-ш-шаҳвата фаман ғалаба ақлуҳу шаҳватан фаҳу ва аъло мина-л-малоикати ва ман ғалаба шаҳватуҳ ақлаҳу, фаҳува адно мина-л-баҳоим»

Дар ҳадис омад, ки Яздони маҷид
Халқи оламро се гуна офарид.
Як гуруҳро ҷумла ақлу илму ҷуд,
Он фариштаст, ӯ надонад ҷуз суҷуд.
Нест андар унсураш ҳирсу ҳаво,
Нури мутлақ, зинда аз ишқи Худо.
Як гуруҳи дигар аз дониш тиҳӣ,
Ҳамчу ҳайвон аз алаф дар фарбеҳӣ.
ӯ набинад ҷуз ки истаблу алаф,
Аз шақоват ғофил асту аз шараф.
Ин севум ҳаст одамизоду башар,
Ними ӯ з-ифриштаву нимеш хар.
Ними хар худ моили сифлӣ бувад,
Ними дигар моили ақлӣ бувад.
Он ду қавм осуда аз ҷангу ҳироб
В-ин башар бо ду мухолиф дар азоб.
В-ин башар ҳам з-имтиҳон қисмат шуданд,
Одамишакланду се уммат шуданд.
Бал гурӯҳ мустағриқи мулҳақ шудаст,
Ҳамчу Исо бо малак мутлақ шудаст.
Нақш Одам, лек маънӣ Ҷабрайил,
Раста аз хашму ҳавову қолу қил.
Аз риёзат раста в-аз зӯҳду ҷиҳод,
Гӯиё аз одамӣ ӯ худ назод.
Қисми дигар бо харон мулҳақ шуданд,
Хашми маҳзу шаҳвати мутлақ шуданд.
Васфи ҷабрилӣ дар эшон буд, рафт,
Танг буд он хонаву он васф зафт.
Мурда гардад шахс, к-ӯ беҷон шавад,
Хар шавад, чун ҷони ӯ бе он шавад.
З-он ки ҷоне, к-он надорад ҳаст паст,
Ин сухан ҳаққ асту сӯфӣ гуфтааст.
ӯ зи ҳайвонҳо фузунтар ҷон канад,
Дар ҷаҳон бориккориҳо кунад.
Макру талбисе, ки ӯ донад танид,
Он зи ҳайвони дигар н-ояд падид.
Ҷомаҳои заркаширо бофтан,
Дуррҳо аз қаъри дарё ёфтан,
Хурдакориҳои илми ҳандаса,
Ё нуҷуму илми тиббу фалсафа,
Ки тааллуқ бо ҳамин дунйисташ,
Раҳ ба ҳафтум осмон барнесташ.
Ин ҳама илми бинои охур аст,
Ки имоди буди гову уштур аст.
Баҳри истибқои ҳайвон чанд рӯз,
Номи он карданд ин гиҷон румуз.
Илми роҳи Ҳаққу илми манзилаш,
Соҳиби дил донад онро бо дилаш.
Пас дар ин таркиб ҳайвони латиф
Офариду кард бо дониш алиф.
Ном к- ал-анъом кард он қавмро,
З-он ки нисбат, ку ба «яқза навм»-ро?
Рӯҳи ҳайвонӣ надорад ғайри навм,
Ҳиссҳои мунъакис доранд қавм.
«Яқза» омад, навми ҳайвонӣ намонд,
Инъикоси ҳисси худ аз лавҳ хонд.
Ҳамчу ҳисси он ки хоб ӯро рабуд,
Чун шуд ӯ бедор, аксийят намуд.
Лоҷарам асфал бувад аз софилин,
Тарки ӯ кун, «ё уҳиббу-л-офилин».

57/140
 












 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj