Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Не диво, что стремлюсь я в край родной: Ведь родина, как жизнь, душе близка. Прольют на море дождик проливной, Из моря же взяв воду, облака. Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Четвертая тетрадь

 
rumi

Баёни он ки маҷмӯъи олам сурати ақли кулл аст, чун бо ақли кулл ба кажравӣ ҷафо кардӣ, сурати олам туро ғам физояд, ағлаби аҳволро, чунон ки дил бо падар бад кардӣ сурати падар ғам физояд туро ва натавонӣ рӯяшро дидан, агарчи пеш аз он нури дида буда бошаду роҳати ҷон

Кулли олам сурати ақли кул аст,
К-ӯст бобои ҳар он, к-аҳли «қул» аст.
Чун касе бо ақли кул куфрон фузуд,
Сурати кул пеши ӯ ҳам саг намуд.
Сулҳ кун бо ин падар, оқӣ биҳил,
То ки фарраш зар намояд обу гил.
Пас қиёмат нақди ҳоли ту бувад,
Пеши ту чарху замин мубдал шавад.
Ман, ки сулҳам доимо бо ин падар,
Ин ҷаҳон чун ҷаннат астам дар назар.
Ҳар замон нав суратеву нав ҷамол,
То зи нав дидан фурӯ мирад малол.
Ман ҳамебинам ҷаҳонро пурнаъим,
Обҳо аз чашмаҳо ҷӯшон муқим.
Бонги обаш мерасад дар гӯши ман,
Маст мегардад замиру ҳуши ман.
Шохаҳо рақсон шуда чун тойибон,
Баргҳо кафзан мисоли мутрибон.
Барқи ойинаст ломеъ аз намад,
Гар намояд ойина, то чун бувад?
Аз ҳазорон менагӯям ман яке,
З-он ки огандаст ҳар гӯш аз шаке.
Пеши ваҳм ин гуфт мужда додан аст,
Ақл гӯяд: «Мужда чӣ? Нақди ман аст».

Страница 125/140
 
Первая тетрадь
Вторая тетрадь
Третья тетрадь
Пятая тетрадь
Шестая тетрадь

Биография
Рубои
Сборник рубои
Словари
Фото
Другие источники
 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj