|
Дар баёни он ки ҳукамо гӯянд одамӣ олами суғрост ва ҳукамои илоҳӣ гӯянд, одамӣ олами куброст, зеро он илми ҳукамо бар сурати одамӣ мақсур бувад ва илми ин ҳукамо дар ҳақиқати ҳақиқати одамӣ мавсул бувадПас, ба сурат олами асғар туӣ, Пас, ба маънӣ олами акбар туӣ. Зоҳиран он шох асли мева аст, Ботинан баҳри самар шуд шох ҳаст. Гар набудӣ майлу уммеди самар, Кай нишондӣ боғбон бехи шаҷар? Пас ба маънӣ он шаҷар аз мева зод, Гар ба сурат аз шаҷар будаш валод. Мустафо з-ин гуфт, к-одам в-анбиё Халфи ман бошанд дар зери ливо. Баҳри ин фармудааст он зӯфунун, Рамзи «наҳну-л-охируна-с-собиқун». Гар ба сурат ман зи Одам зодаам, Ман ба маънӣ ҷадди ҷадд афтодаам. Гар барои ман будаш саҷдай малак В-аз пайи ман рафт бар ҳафтум фалак. Пас зи ман зойид дар маънӣ падар, Пас зи мева зод дар маънӣ шаҷар. Аввали фикр охир омад дар амал, Хоса фикре, к-ӯ бувад васфи азал. Ҳосил андар як замон аз осмон Меравад, меояд эдар корвон. Нест бар ин корвон ин раҳ дароз, Кай мафоза зафт ояд бо муфоз? Дил ба Каъба меравад дар ҳар замон, Ҷисм табъи дил бигирад з-имтинон. Ин дарозу кӯтаҳӣ мар ҷисмрост, Чӣ дарозу кӯтаҳ он ҷо ки Худост? Чун Худо мар ҷисмро табдил кард, Рафтанаш бе фарсаху бе мил кард. Сад умед аст ин замон, бардор гом, Ошиқона, эй фато, «Халлилкалом». Гарчи пилай чашм бар ҳам мезанӣ, Дар сафина хуфтаӣ, раҳ мекунӣ.
Страница 21/140 |