|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Вторая тетрадь |
|
|
Қасд кардани ғузон ба куштани як марде то он дигар битарсад Он ғузони турк хунрез омаданд, Баҳри яғмо бар деҳе ногаҳ заданд. Ду кас аз аъёни он деҳ ёфтанд, Дар ҳалоки он яке биштофтанд. Даст бастандаш, ки қурбонаш кунанд, Гуфт: «Эй шоҳону аркони баланд. Дар чаҳи маргам чаро меафганед? Аз чӣ охир ташнаи хуни манед? Чист ҳикмат? Чӣ ғараз дар куштанам? Чун чунин дарвешаму урёнтанам». Гуфт: «То ҳайбат бар ин ёрат занад, То битарсад ӯву зар пайдо кунад». Гуфт: «Охир ӯ зи ман мискинтар аст», Гуфт: «Қосид кардааст, ӯро зар аст». Гуфт: «Чун ваҳм аст, мо ҳар ду якем, Дар мақоми эҳтимолу дар шакем. Худ варо букшед аввал, эй шаҳон, То битарсам ман, диҳам зарро нишон». Пас карамҳои илоҳӣ бин, ки мо, Омадем охирзамон дар интиҳо. Охирини қарнҳо пеш аз қурун, Дар ҳадис аст: охируна-с-собиқун. То ҳалоки қавми Нӯҳу қавми Ҳуд, Оризи раҳмат ба ҷони мо намуд. Кушт эшонро, ки мо тарсем аз ӯ В-ар худ ин баръакс кардӣ, войи ту.
Страница 85/114 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|