|
Пурсидани Мӯсо аз Ҳақ сирри ғалабаи золимонро Гуфт Мӯсо: «Эй карими корсоз, Эй ки як дам зикри ту умри дароз. Нақши каж-маж дидам андар обу гил, Чун малоик эътирозе кард дил, Ки чӣ мақсуд аст нақше сохтан? В-андар ӯ тухми фасод андохтан. Оташи зулму фасод афрӯхтан, Масҷиду саҷдакунонро сӯхтан. Мояи хунобаву зардобаро, Ҷӯш додан аз барои лобаро Ман яқин донам, ки айни ҳикмат аст, Лек мақсудам аёну рӯъят аст. Он яқин мегӯядам хомӯш кун, Ҳирси рӯъят гӯядам на, ҷӯш кун. Мар малоикро намудӣ сирри хеш, К-ин чунин нӯше ҳамеарзад ба неш. Арза кардӣ нури Одамро аён, Бар малоик гашт мушкилҳо баён. Ҳашри ту гӯяд, ки сирри марг чист, Меваҳо гӯянд сирри барг чист. Сирри хуну нутфа ҳисси одамист, Собиқи ҳар бешие охир камист. Лавҳро аввал бишӯяд бевуқуф, Он гаҳе бар вай нависад ӯ ҳуруф. Хун кунад дилрову ашки мустаҳон, Барнависад бар вай асрор он гаҳон. Вақти шустан лавҳро бояд шинохт, Ки мар онро дафтаре хоҳанд сохт. Чун асоси хонае меафгананд, Аввалин бунёдро бармекананд, Гил бароранд аввал аз қаъри замин, То ба охир баркашӣ моъи маъин. Аз ҳаҷомат кӯдакон гирянд зор, Ки намедонанд эшон сирри кор. Мард худ зар медиҳад ҳаҷҷомро, Менавозад неши хуношомро, Медавад ҳаммол зӣ бори гарон, Мерабояд борро аз дигарон. Ҷанги ҳаммолон барои бор бин, Инчунин аст иҷтиҳоди кор, бин. Чун гарониҳо асоси роҳат аст, Талхҳо ҳам пешвои неъмат аст. «Ҳуффати-л-ҷанна бимакруҳотино, Ҳуффати-н-нирону мин шаҳвотино». Тухммойай оташат шохи тар аст, Сӯхтай оташ қарини Кавсар аст. Ҳар кӣ дар зиндон қарини меҳнатест, Он ҷазои луқмаеву шаҳватест. Ҳар кӣ дар қасре қарини давлатест, Он ҷазои корзору меҳнатест. Ҳар киро дидӣ ба зарру сим фард, Дон, ки андар касб кардан сабр кард. Бесабаб бинад, чу дида шуд гузор, Ту ки дар ҳиссӣ, сабабро гӯш дор. Он ки берун аз табоеъ ҷони ӯст, Мансаби харқи сабабҳо они ӯст. Бесабаб бинад на аз обу гиё, Чашм чашмай мӯъҷизоти анбиё. Ин сабаб ҳамчун табиб асту алил, Ин сабаб ҳамчун чароғ асту фатил, Шабчароғатро фатили нав битоб, Пок дон з-инҳо чароғи офтоб. Рав ту каҳгил соз баҳри сақфи хон, Сақфи гардунро зи каҳгил пок дон. Аҳ, ки чун дилдори мо ғамсӯз шуд, Хилвати шаб даргузашту рӯз шуд. Ҷуз ба шаб ҷилва набошад моҳро, Ҷуз ба дарди дил маҷӯ дилхоҳро. Тарки Исо карда хар парвардаӣ, Лоҷарам чун хар буруни пардаӣ. Толеъи Исост илму маърифат, Толеъи хар нест, эй ту харсифат. Нолаи хар бишнавӣ, раҳм оядат, Пас надонӣ хар харӣ фармоядат. Раҳм бар Исо куну бар хар макун, Табъро бар ақли худ сарвар макун. Табъро ҳил, то бигиряд зор-зор, Ту аз ӯ бистону воми ҷон гузор. Солҳо харбанда будӣ, бас бувад, З-он ки харбанда зи хар вопас бувад. З- «аххиру ҳунна» муродаш нафси туст, К-ӯ ба охир бояду ақлаш нахуст. Ҳам мизоҷи хар шудаст ин ақли паст, Фикраш ин ки чун алаф орам ба даст? Он хари Исо мизоҷи дил гирифт, Дар мақоми оқилон манзил гирифт. З-он ки ғолиб ақл буду хар заиф Аз савори зафт гардад хар наҳиф. В-аз заифӣ ақли ту, эй харбаҳо! Ин хари пажмурда гаштаст аждаҳо. Гар зи Исо гаштаӣ ранҷурдил, Ҳам аз ӯ сиҳҳат расад, ӯро маҳил. Чунӣ, эй Исои исодам, зи ранҷ? Ки набуд андар ҷаҳон бе мор ганҷ. Чунӣ, эй Исо, зи дидори ҷуҳуд? Чунӣ, эй Юсуф, зи маккору ҳасуд? Ту шабу рӯз аз пайи ин қавми ғумр Чун шабу рӯзӣ мададбахшои умр. Чунӣ аз сафроиёни беҳунар? Чӣ ҳунар зояд зи сафро? Дарди сар. Ту ҳамон кун, ки кунад хуршеди Шарқ, Мо нифоқу ҳилаву дуздиву зарқ. Ту асал, мо сирка дар дунёву дин, Дафъи ин сафро бувад сиркангубин. Сирка афзудем мо қавми заҳир, Ту асал бифзо, карамро вомагир. Ин сазид аз мо, чунон омад зи мо, Рег андар чашм чӣ-фзояд? Амо. Он сазад аз ту аё кӯҳли азиз, Ки биёбад аз ту ҳар ночиз чиз. З-оташи ин золимонат дил кабоб, Аз ту ҷумла «иҳди қавмӣ» буд хитоб. Кони удӣ, дар ту гар оташ зананд Ин ҷаҳон аз атру райҳон огананд. Ту на он удӣ, к-аз оташ кам шавад, Ту на он рӯҳӣ, к-асири ғам шавад. Уд сӯзад, кони уд аз сӯз дур, Бод кай ҳамла барад бар асли нур. Эй зи ту мар осмонҳоро сафо, Эй ҷафои ту накӯтар аз вафо. З-он ки аз оқил ҷафое гар равад, Аз вафои ҷоҳилон он беҳ бувад. Гуфт пайғамбар: «Адоват аз хирад Беҳтар аз меҳре, ки аз ҷоҳил расад».
Саҳифаи 37/114 |