|
Имтиҳони подшоҳ ба он ду ғулом, ки навхарида буд Подшоҳе ду ғулом арзон харид, Бо яке з-он ду сухан гуфту шунид. Ёфташ зиракдилу ширинҷавоб, Аз лаби шаккар чӣ зояд? Шаккароб. Одамӣ махфист дар зери забон, Ин забон пардаст бар даргоҳи ҷон. Чунки боде пардаро дарҳам кашид, Сирри саҳни хона шуд бар мо падид. К-андар он хона гуҳар ё гандум аст? Ганҷи зар ё ҷумла мору каждум аст? Ё дар ӯ ганҷ асту море бар карон? З-он ки набвад ганҷи зар бе посбон. Бетааммул, ӯ сухан гуфтӣ чунон, К-аз паси понсад тааммул дигарон. Гуфтие дар ботинаш дарёстӣ, Ҷумла дарё гавҳари гӯёстӣ. Нури ҳар гавҳар, к-аз ӯ тобон шудӣ, Ҳаққу ботилро аз ӯ фурқон шудӣ. Нури фурқон фарқ кардӣ баҳри мо, Зарра-зарра ҳаққу ботилро ҷудо. Нури гавҳар нури чашми мо шудӣ, Ҳам суолу ҳам ҷавоб аз мо будӣ. Чашм каж кардӣ, ду дидӣ қурси моҳ, Чун суол аст ин назар дар иштибоҳ. Рост гардон чашмро дар моҳтоб, То яке бинӣ ту маҳро, нак ҷавоб. Фикратат, ки каж мабин, некӯ нигар, Ҳаст ҳам нуру шуоъи он гуҳар. Ҳар ҷавобе, к-он зи гӯш ояд ба дил, Чашм гуфт: «Аз ман шунав, онро биҳил». Гӯш даллола-сту чашм аҳли висол, Чашм соҳибҳолу гӯш асҳоби қол. Дар шунуди гӯш табдили сифот, Дар аёни дидаҳо табдили зот. З-оташ ар илмат яқин шуд дар сухун, Пухтагӣ ҷӯ, дар яқин манзил макун. То насӯзӣ, нест он айнуляқин, Ин яқин хоҳӣ, дар оташ дарнишин. Гӯш чун нофиз бувад, дида шавад, В-арна «қул» дар гӯш печида шавад. Ин сухан поён надорад, бозгард, То ки шаҳ бо он ғуломонаш чӣ кард.
Саҳифаи 19/114 |