|
Муқаддимаи дафтари дувумБисми-л-лоҳи-р-раҳмони-р-раҳим
Баёни баъзе аз ҳикмати таъхири ин муҷаллади дувум, ки агар ҷумлаи ҳикмати илоҳӣ бандаро маълум шавад, дар фавойиди он кор банда аз он кор фурӯ монад ва ҳикмати бепоёни Ҳақ идроки ӯро вайрон кунад, ба он кор напардозад, пас Ҳақ таоло шаммае аз он ҳикмати бепоён миҳори бинии ӯ созад ва ӯро бад-он кор кашад, ки агар ӯро аз он фойида ҳеч хабар накунад, ҳеч наҷунбад, зеро ҷунбонанда аз баҳраҳои одамиён аст, ки аз баҳри ин маслиҳат кунам ва агар ҳикмати он бар вай фурӯ резад, ҳам натавонад ҷунбидан, чунон ки агар дар бинии шутур миҳор набувад, наравад ва агар миҳор сахт бузург бувад, ҳам фурӯ хуспад ва «ин мин шайъин илло ъиндано хазойинуҳу ва мо нуназзилуҳу илло би қадарин маълум». Хок бе об кулӯх нашавад ва чун об бисёр бувад, ҳам кулӯх нашавад. «Ва-с-самоа рафаъаҳо ва вазаъа-л-мизон», ба мизон диҳад ҳар чизеро на бе ҳисоб ва бе мизон, илло касонеро, ки аз олами халқ мубаддал шудаанд ва «йарзуқу ман йашоу би ғайри ҳисоб» гаштаанд «ва ман лам йазуқ лам йадри».
Пурсид яке, ки ошиқӣ чист? Гуфтам, ки чу мо шавӣ, бидонӣ ишқ муҳаббати беҳисоб аст, ҷиҳати он гуфтаанд, ки сифати Ҳақ аст ба ҳақиқат ва нисбати ӯ ба банда маҷоз аст, «йуҳиббуҳум» тамом аст, «йуҳиббунаҳу» кадом аст?
Муддате ин маснавӣ таъхир шуд, Мӯҳлате бояст, то хун шир шуд. То назояд бахти ту фарзанди нав, Хун нагардад шири ширин, хуш шунав. Чун Зиёулҳақ Ҳусомуддин инон Бозгардонид з-авҷи осмон. Чун ба меъроҷи ҳақоиқ рафта буд, Бе баҳораш ғунчаҳо нокафта буд. Чун зи дарё сӯйи соҳил бозгашт, Чанги шеъри маснавӣ босоз гашт. Маснавӣ, ки сайқали арвоҳ буд, Бозгашташ рӯзи истифтоҳ буд. Матлаъи таърихи ин савдову суд Сол андар шашсаду шасту ду буд. Булбуле з-ин ҷо бирафту боз гашт, Баҳри сайди ин маъонӣ бозгашт. Соиди шаҳ маскани ин боз бод, То абад бар халқ ин дар боз бод. Офати ин дар ҳавову ваҳшат аст В-арна он ҷо шарбат андар шарбат аст. Ин даҳон барбанд, то бинӣ аён Чашмбанди он ҷаҳон ҳалқу даҳон. Эй даҳон, ту худ даҳонай дӯзахӣ В-эй ҷаҳон, ту бар мисоли барзахӣ. Нури боқӣ паҳлуйи дунёи дун, Шири софӣ паҳлуйи ҷӯҳои хун. Чун дар ӯ гоме занӣ беэҳтиёт, Шири ту хун мешавад аз ихтилот. Як қадам зад Одам андар завқи нафс, Шуд фироқи садри ҷаннат тавқи нафс. Ҳамчу дев аз вай фаришта мегурехт, Баҳри ноне чанд оби чашм рехт. Гарчи як мӯ буд, гунаҳ, к-ӯ ҷуста буд, Лек он мӯ дар ду дида руста буд. Буд Одам дидаи нури қадим, Мӯй дар дида бувад кӯҳи азим. Гар дар он Одам бикардӣ машварат, Дар пушаймонӣ нагуфтӣ маъзарат. З-он ки бо ақле чу ақле ҷуфт шуд, Монеъи бадфеъливу бадгуфт шуд. Нафс бо нафси дигар чун ёр шуд, Ақли ҷузвӣ отилу бекор шуд. Чун зи танҳоӣ ту навмеде шавӣ, Зери сойай ёр хуршеде шавӣ. Рав, биҷӯ ёри худоиро ту зуд, Чун чунон кардӣ, Худо ёри ту буд. Он кӣ дар хилват назар бардӯхтаст, Охир онро ҳам зи ёр омӯхтаст. Хилват аз ағёр бояд, на зи ёр, Пӯстин баҳри дай омад, на баҳор. Ақл бо ақли дигар дуто шавад, Нур афзун гашту раҳ пайдо шавад. Нафс бо нафси дигар хандон шавад, Зулмат афзун гашту раҳ пинҳон шавад. Ёр чашми туст, эй марди шикор, Аз хасу хошок ӯро пок дор. Ҳин, ба ҷорӯби забон гарде макун, Чашмро аз хас раҳоварде макун. Чунки мӯъмин ойинай мӯъмин бувад, Рӯйи ӯ з-олудагӣ эмин бувад. Ёр ойинаст ҷонро дар ҳазан, Дар рухи ойина, эй ҷон, дам мазан. То напӯшад рӯйи худро дар дамат, Дам фурӯ хӯрдан бибояд ҳар дамат. Кам зи хокӣ? Чунки хоке ёр ёфт, Аз баҳоре сад ҳазор анвор ёфт. Он дарахте, к-ӯ шавад бо ёр ҷуфт, Аз ҳавои хуш зи сар то по шукуфт. Дар хазон чун дид ӯ ёри хилоф, Даркашид ӯ рӯву сар зери лиҳоф. Гуфт: «Ёри бад бало ошуфтан аст, Чунки ӯ омад, тариқам хуфтан аст. Пас бихусбам, бошам аз асҳоби Каҳф, Беҳ зи дақёнус, он маҳбуси лаҳф». Яқзашон масруфи дақёнус буд, Хобашон сармояи номус буд. Хоб бедорист, чун бодониш аст, Войи бедоре, ки бо нодон нишаст. Чунки зоғон хайма бар баҳман заданд, Булбулон пинҳон шуданду тан заданд. З-он ки бегулзор булбул хомуш аст, Ғайбати хуршед бедорикуш аст. Офтобо, тарки ин гулшан кунӣ, То ки таҳтуларзро равшан кунӣ. Офтоби маърифатро нақл нест, Машриқи ӯ ғайри ҷону ақл нест. Хоса хуршеди камоле, к-он сарест, Рӯзу шаб кирдори ӯ равшангарист. Матлаъи шамс ой, гар Искандарӣ, Баъд аз он ҳар ҷо равӣ, некӯфарӣ. Баъд аз он ҳар ҷо равӣ, Машриқ шавад, Шарқҳо бар Мағрибат ошиқ шавад. Ҳисси хуффошат сӯйи Мағриб давон, Ҳисси дурпошат сӯйи Машриқ равон. Роҳи ҳис роҳи харон аст, эй савор, Эй харонро ту музоҳим, шарм дор. Панҷ ҳиссе ҳаст, ҷуз ин панҷ ҳис, Он чу зарри сурху ин ҳисҳо чу мис. Андар он бозор, к-аҳли маҳшаранд, Ҳисси мисро чун ҳиси зар кай харанд? Ҳисси абдон қути зулмат мех(в)арад, Ҳисси ҷон аз офтобе мечарад. Эй бибурда рахти ҳисҳо сӯйи ғайб, Даст чун Мӯсо бурун овар зи ҷайб. Эй сифотат офтоби маърифат В-офтоби чарх банди як сифат. Гоҳ хуршедиву гаҳ дарё шавӣ, Гоҳ кӯҳи Қофу гаҳ анқо шавӣ. Ту на ин бошӣ, на он дар зоти хеш, Эй фузун аз ваҳмҳо в-аз беш беш. Рӯҳ бо илм асту бо ақл аст ёр, Рӯҳро бо тозиву туркӣ чӣ кор? Аз ту, эй бенақши бо чандин сувар, Ҳам мушаббеҳ, ҳам муваҳҳид, хирасар. Гаҳ мушаббеҳро муваҳҳид мекунад, Гаҳ муваҳҳидро сувар раҳ мезанад. Гаҳ туро гӯяд зи мастӣ Булҳасан: «Ё сағира-с-син! Ё ратбу-л-бадан!» Гоҳ нақши хеш вайрон мекунад, Он пайи танзиҳи ҷонон мекунад. Чашми ҳисро ҳаст мазҳаб эътизол, Дидаи ақл аст суннӣ дар висол. Сухраи ҳиссанд аҳли эътизол, Хешро суннӣ намоянд аз зилол. Ҳар кӣ дар ҳис монд, ӯ мӯътазилист, Гарчи гӯяд: «сунниам», аз ҷоҳилист. Ҳар кӣ берун шуд зи ҳис, суннӣ вай аст, Аҳли биниш, чашми ақли хушпай аст. Гар бидидӣ ҳисси ҳайвон шоҳро, Пас бидидӣ гову хар Аллоҳро. Гар набудӣ ҳисси дигар мар туро, Ҷуз ҳиси ҳайвон, зи беруни ҳаво. Пас банӣ Одам мукаррам кай будӣ? Кай ба ҳисси муштарак маҳрам шудӣ? Номусаввар ё мусаввар гуфтанат, Ботил омад бе зи сурат растанат. Номусаввар ё мусаввар пеши ӯст, К-ӯ ҳама мағз асту берун шуд зи пӯст. Гар ту кӯрӣ, нест бар аъмо ҳараҷ В-арна рав, к«-ас-сабру мифтоҳу-л-фараҷ». Пардаҳои дидаро доруи сабр, Ҳам бисӯзад, ҳам бисозад шарҳи садр. Ойинай дил чун шавад софиву пок, Нақшҳо бинӣ бурун аз обу хок. Ҳам бибинӣ нақшу ҳам наққошро, Фарши давлатрову ҳам фаррошро. Чун халил омад хаёли ёри ман, Сураташ бут, маънии ӯ бутшикан. Шукр Яздонро, ки чун ӯ шуд падид, Дар хаёлаш, ҷон хаёли худ бидид. Хоки даргоҳат диламро мефирефт, Хок бар вай, к-ӯ зи хокат мешикефт. Гуфтам: «Ар хубам, пазирам ин аз ӯ В-арна худ хандид бар ман зиштрӯ. Чора он бошад, ки худро бингарам В-арна ӯ хандад маро: «Ман кай харам?» ӯ ҷамил асту муҳиббун лилҷамол, Кай ҷавони нав гузинад пирзол? Хуб хуберо кунад ҷазб, ин бидон, Таййиботу таййибин бар вай бихон. Дар ҷаҳон ҳар чиз чизе ҷазб кард, Гарм гармеро кашиду сард сард. Қисми ботил ботилонро мекашанд, Боқиён аз боқиён ҳам сарх(в)ашанд. Нориён мар нориёнро ҷозибанд, Нуриён мар нуриёнро толибанд. Чашм чун бастӣ, туро ҷон канданист, Чашмро аз нури равзан сабр нест. Чашм чун бастӣ, туро тоса гирифт, Нури чашм аз нури равзан кай шикифт? Тосаи ту, ҷазби нури чашм буд, То бипайвандад ба нури рӯз зуд. Чашми боз ар тоса гирад мар туро, Дон, ки чашму дил бибастӣ, баргушо. Он тақозои ду чашми дил шинос, К-ӯ ҳамеҷӯяд зиёи беқиёс. Чун фироқи он ду нури бесубот Тоса овардат, гушодӣ чашмҳот. Пас фироқи он ду нури пойдор, Тоса меорад, мар онро пос дор. ӯ чу мехонад маро, ман бингарам: Лоиқи ҷазбам ва ё бадпайкарам? Гар латифе зиштро дар пай кунад, Тасхуре бошад, ки ӯ бо вай кунад. Кай бибинам рӯйи худро, эй аҷаб? То чӣ рангам? Ҳамчу рӯзам ё чу шаб? Нақши ҷони хеш меҷустам басе, Ҳеч менанмуд нақшам аз касе. Гуфтам: «Охир ойина аз баҳри чист? То бидонад ҳар касе, к-ӯ чисту кист?» Ойинай оҳан барои пӯстҳост, Ойинай симои ҷон сангибаҳост. Ойинай ҷон нест, илло рӯйи ёр, Рӯйи он ёре, ки бошад з-он диёр. Гуфтам: «Эй дил, ойинай куллӣ биҷӯ, Рав ба дарё, кор барнояд ба ҷӯ». З-ин талаб банда ба кӯйи ту расид, Дард Марямро ба хурмобун кашид. Дидаи ту чун диламро дида шуд, Шуд дили нодида, ғарқи дида шуд. Ойинай куллӣ туро дидам абад, Дидам андар чашми ту ман нақши х(в)ад. Гуфтам: «Охир хешро ман ёфтам, Дар ду чашмаш роҳи равшан ёфтам». Гуфт: «Ваҳмам, к-он хаёли туст, ҳон! Зоти худро аз хаёли худ бидон. Нақши ман аз чашми ту овоз дод Ки манам ту, ту манӣ дар иттиҳод. К-андар ин чашми мунири безавол Аз ҳақоиқ роҳ кай ёбад хаёл? Дар ду чашми ғайри ман, ту нақши х(в)ад Гар бибинӣ, он хаёле дону рад. З-он ки сурмай нестӣ дармекашад, Бода аз тасвири шайтон мечашад. Чашмашон хонай хаёл асту адам, Нестҳоро ҳаст бинад лоҷарам. Чашми ман чун сурма дид аз зулҷалол, Хонаи ҳастист, на хонай хаёл. То яке мӯ бошад аз «ту» пеши чашм, Дар хаёлат гавҳаре бошад чу яшм. Яшмро он гаҳ шиносӣ аз гуҳар, К-аз хаёли «худ» кунӣ куллӣ абар. Як ҳикоят бишнав, эй гавҳаршинос, То бидонӣ ту аёнро аз қиёс.
Саҳифаи 1/114 |