|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Первая тетрадь |
|
|
Тафсири «Мошоаллоҳу кона»Ин ҳама гуфтем, лек андар басеч Бе иноёти Худо ҳечем, ҳеч. Бе иноёти Ҳақу хосони Ҳақ, Гар малак бошад, сиёҳ асташ варақ. Эй Худо! Эй фазли ту ҳоҷатраво, Бо ту ёди ҳеч кас набвад раво. Ин қадар иршод ту бахшидаӣ, То бад-ин бас айби мо пӯшидаӣ. Қатрае дониш, ки бихшидӣ зи пеш, Муттасил гардон ба дарёҳои хеш. Қатрае илм аст андар ҷони ман, Вораҳонаш аз ҳаво в-аз хоки тан. Пеш аз он к-ин хокҳо хасфаш кунанд, Пеш аз он к-ин бодҳо нашфаш кунанд. Гарчи чун нашфаш кунад, ту қодирӣ, К-аш аз эшон воситонӣ вохарӣ. Қатрае, к-ӯ дар ҳаво шуд ё ки рехт, Аз хазинай қудрати ту кай гурехт? Гар дарояд дар адам ё сад адам, Чун бихониш, ӯ кунад аз сар қадам. Садҳазорон зидд зидро мекушад, Бозашон ҳукми ту берун мекашад. Аз адамҳо сӯйи ҳастӣ ҳар замон, Ҳаст, ё раб, корвон дар корвон. Хоса ҳар шаб ҷумла афкору уқул Нест гардад, ғарқ дар баҳри нуғул. Боз вақти субҳ он аллоҳиён Барзананд аз баҳр сар чун моҳиён. Дар хазон он садҳазорон шоху барг Аз ҳазимат рафта дар дарёи марг. Зоғ пӯшида сияҳ чун навҳагар, Дар гулистон навҳа карда бар хузар. Боз фармон ояд аз солори деҳ, Мар адамро, к-он чӣ хӯрдӣ, боздеҳ. Он чӣ хӯрдӣ,+ водеҳ, эй марги сиёҳ! Аз наботу доруву баргу гиёҳ. Эй бародар, ақл як дам бо худ ор, Дам ба дам дар ту хазон асту баҳор. Боғи дилро сабзу тарру тоза бин, Пур зи ғунча-в варду сарву ёсамин. З-анбуҳии барг пинҳон гашта шох, З-анбуҳии гул ниҳон саҳрову кох. Ин суханҳое, ки аз ақли кул аст, Бӯйи он гулзору сарву сунбул аст. Бӯйи гул дидӣ, ки он ҷо гул набуд? Ҷӯши мул дидӣ, ки он ҷо мул набуд? Бӯ қаловуз асту раҳбар мар туро, Мебарад то хулду кавсар мар туро. Бӯ давои чашм бошад нурсоз, Шуд зи бӯйе дидаи Яъқуб боз. Бӯйи бад мар дидаро торӣ кунад, Бӯйи Юсуф дидаро ёрӣ кунад. Ту ки Юсуф нестӣ, Яъқуб бош, Ҳамчу ӯ бо гиряву ошӯб бош. Бишнав ин панд аз ҳакими ғазнавӣ, То биёбӣ дар тани кӯҳна навӣ: «Нозро рӯйе бибояд ҳамчу вард, Чун надорӣ, гирди бадхӯӣ магард. Зишт бошад рӯйи нозебову ноз, Сахт бошад чашми нобинову дард». Пеши Юсуф нозишу хубӣ макун, Ҷуз ниёзу оҳ яъқубӣ макун. Маънии мурдан зи тӯтӣ буд ниёз, Дар ниёзу фақр худро мурда соз. То дами Исо туро зинда кунад, Ҳамчу хешат хубу фархунда кунад. Аз баҳорон кай шавад сарсабз санг? Хок шав, то гул намоӣ ранг-ранг. Солҳо ту санг будӣ, дилхарош, Озмунро як замоне хок бош.
Страница 97/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|