|
Видоъ кардани тӯтӣ хоҷаро ва париданЯк-ду пандаш дод тӯтӣ бе нифоқ, Баъд аз он гуфташ: «саломун ал-фироқ». Хоҷа гуфташ: «Фӣ амониллаҳ, бирав, Мар маро акнун намудӣ роҳи нав». Хоҷа бо худ гуфт, к-ин панди ман аст, Роҳи ӯ гирам, ки ин раҳ равшан аст. Ҷони ман камтар зи тӯтӣ кай бувад? Ҷон чунин бояд, ки некӯпай бувад.
Саҳифаи 95/173 |