|
Тафсири қавли Фаридуддини Аттор қаддасаллоҳу рӯҳаҳу: Ту соҳибнафсӣ, эй ғофил, миёни хок хун мехур, Ки соҳибдил агар заҳре хурад, он ангубин бошад. Соҳиби дилро надорад он зиён, Гар хурад ӯ заҳри қотилро аён. З-он ки сиҳҳат ёфт в-аз парҳез раст, Толиби мискин миёни таб – дар аст. Гуфт пайғамбар, ки эй марди ҷиро Ҳон, макун бо ҳеч матлубе миро, Дар ту Намрудест, оташ дармарав, Рафт хоҳӣ, аввал Иброҳим шав. Чун найӣ саббоҳу на дарёие, Дар маяфган хеш аз худдорие. ӯ зи оташ варди аҳмар оварад, Аз зиёнҳо суд бар сар оварад. Комиле гар хок гирад, зар шавад, Ноқис ар зар бурд, хокистар шавад. Чун қабули Ҳақ бувад он марди рост, Дасти ӯ дар корҳо дасти Худост. Дасти ноқис дасти шайтон асту дев, З-он ки андар дом таклиф асту рев. Ҷаҳл ояд пеши ӯ, дониш шавад, Ҷаҳл шуд илме, ки дар мункир равад. Ҳар чӣ гирад иллате, иллат шавад, Куфр гирад комиле, миллат шавад. Эй миро карда пиёда бо савор, Сар нахоҳӣ бурд, акнун пой дор.
Страница 88/173 |