|
|
|
|
|
|
|
|
|
Первая тетрадь |
|
|
Дар баёни ин хабар, ки «иннаҳунна яғлибна-л-оқила ва яғлибу ҳунна-л-ҷоҳилу»Гуфт пайғамбар, ки зан бар оқилон Ғолиб ояд сахту бар соҳибдилон. Боз бар зан ҷоҳилон чира шаванд, З-он ки эшон тунду бас хира раванд. Кам бувадшон риққату лутфу видод, З-он ки ҳайвонист ғолиб бар ниҳод. Меҳру риққат васфи инсонӣ бувад, Хашму шаҳват васфи ҳайвонӣ бувад. Партави Ҳақ аст он, маъшуқ нест, Холиқ аст он гӯиё, махлуқ нест.
Страница 120/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|