|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Всевышний спас меня от горя, четыре качества мне дав:
Прославленное имя, разум, здоровье и хороший нрав.
Любой, кому даны всевышним четыре качества такие,
Пройдет свой долгий путь без горя, людских печалей не узнав.
Рудаки |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Первая тетрадь |
|
|
Мағрур шудани муридони мӯҳтоҷ ба муддаиёни музаввар ва эшонро шайх ва мӯҳташаму восил пиндоштан ва нақлро аз нақд фарқ нодонистан ва барбастаро аз баррустаБаҳри ин гуфтанд доноён ба фан: «Меҳмони мӯҳсинон бояд шудан». Ту муриду меҳмони он касе, К-ӯ ситонад ҳосилатро аз хасе. Нест чира, чун туро чира кунад? Нур надҳад, мар туро тира кунад. Чун варо нуре набуд андар қирон, Нур кай ёбанд аз вай дигарон? Ҳамчу аъмаш, к-ӯ кунад доруи чашм, Чӣ кашад дар чашмҳо, илло, ки пашм? Ҳоли мо ин аст дар фақру ано, Ҳеч меҳмоне мабо мағрури мо. Қаҳти даҳ сол ар надидӣ дар сувар, Чашмҳо бигшову андар мо нигар. Зоҳири мо чун даруни муддаӣ, Дар дилаш зулмат, забонаш шаъшаъӣ. Аз Худо бӯйе на ӯро, на асар, Даъвияш афзун зи Шису Булбашар. Дев нанмуда варо ҳам нақши хеш, ӯ ҳамегӯяд: «Зи абдолем беш». Ҳарфи дарвешон бидуздида басе, То гумон ояд, ки ҳаст ӯ худ касе. Хурда гирад дар сухан бар Боязид, Нанг дорад аз даруни ӯ Язид. Бенаво аз нону хони осмон, Пеши ӯ нандохт Ҳақ як устухон. ӯ нидо карда, ки хон бинҳодаам, Ноиби Ҳаққам, халифазодаам. Ас-сало, содадилони печ-печ, То хуред аз хони ҷудам сер ҳеч. Солҳо бар ваъдаи фардо касон, Гирди он дар гашта фардо норасон. Дер бояд то, ки сирри одамӣ Ошкоро гардад аз бешу камӣ: Зери девори бадан ганҷ аст ё Хонаи мор асту мӯру аждаҳо? Чунки пайдо гашт, к-ӯ чизе набуд, Умри толиб рафт, огоҳӣ чӣ суд?
Страница 113/173 |
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|