|
Қиссаи аъробии дарвеш ва моҷарои зани ӯ бо ӯ ба сабаби қиллату дарвешӣЯк шаб аъробизане мар шӯйро Гуфту аз ҳад бурд гуфтугӯйро, К-ин ҳама фақру ҷафо мо мекашем, Ҷумла олам дар хушӣ, мо нох(в)ашем. Нонамон на, нонхуришмон дарду рашк, Кӯзамон на, обамон аз дида ашк. Ҷомаи мо рӯз тоби офтоб, Шаб ниҳолину лиҳоф аз моҳтоб. Қурси маҳро қурси нон пиндошта, Даст сӯйи осмон бардошта. Нанги дарвешон зи дарвешии мо, Рӯзу шаб аз рӯзиандешии мо. Хешу бегона шуда аз мо рамон, Бар мисоли Сомирӣ аз мардумон. Гар бихоҳам аз касе як мушт наск, Мар маро гӯяд хамуш кун маргу ҷаск. Мар Арабро фахр ғазв асту ато, Дар Араб ту, ҳамчу андар хат хато. Чӣ ғазо? Мо бе ғазо худ куштаем, Мо ба теғи фақр бесар гаштаем. Чӣ ато? Мо бар гадоӣ метанем, Мар магасро дар ҳаво раг мезанем. Гар касе меҳмон расад, гар ман манам, Шаб бихусбад, далқаш аз тан барканам.
Страница 112/173 |