|
Қиссаи суол кардани Ойиша разийаллоҳу анҳо аз Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва саллам, ки имрӯз борон борид, чун ту сӯйи гӯристон рафтӣ, ҷомаҳои ту чун тар нест?Мустафо рӯзе ба гӯристон бирафт, Бо ҷанозай марде аз ёрон бирафт. Хокро дар гӯри ӯ оганда кард, Зери хок он донаашро зинда кард. Ин дарахтонанд ҳамчун хокиён, Дастҳо баркардаанд аз хокдон. Сӯйи халқон сад ишорат мекунанд В-он ки гӯш асташ, иборат мекунанд. Бо забони сабзу бо дасти дароз, Аз замири хок мегӯянд роз. Ҳамчу баттон сар фурӯ бурда ба об, Гашта товуссону буда чун ғуроб. Дар зимистоншон агар маҳбус кард, Он ғуробонро Худо товус кард. Дар зимистоншон агарчи дод марг, Зиндашон кард аз баҳору дод барг. Мункирон гӯянд: «Худ ҳаст ин қадим, Ин чаро бандем бар рабби карим?» Кӯрии эшон даруни дӯстон, Ҳақ бирӯёнид боғу бӯстон. Ҳар гуле, к-андар дарун бӯё бувад, Он гул аз асрори кул гӯё бувад. Бӯйи эшон рағми анфи мункирон, Гирди олам меравад пардадарон. Мункирон ҳамчун ҷуъал з-он бӯйи гул, Ё чу нозукмағз дар бонги дуҳул. Хештан машғул месозанду ғарқ, Чашм медузданд аз ин ламъони барқ. Чашм медузданду он ҷо чашм не, Чашм он бошад, ки бинад маъмане. Чун зи гӯристон паямбар бозгашт, Сӯйи Сиддиқа шуду ҳамроз гашт. Чашми Сиддиқа чу бар рӯяш фитод, Пеш омад, даст бар вай мениҳод. Бар имома-в рӯйи ӯву мӯйи ӯ, Бар гиребону бару бозӯйи ӯ. Гуфт пайғамбар: «Чӣ меҷӯйӣ, шитоб?» Гуфт: «Борон омад имрӯз аз саҳоб. Ҷомаҳоят мебиҷӯям дар талаб, Тар намеёбам зи борон, эй аҷаб!» Гуфт: «Чӣ бар сар фигандӣ аз изор?» Гуфт: «Кардам он ридои ту химор». Гуфт: «Баҳри он намуд, эй покҷайб! Чашми покатро Худо борони ғайб. Нест он борон аз ин абри шумо, Ҳаст абре дигару дигар само».
Страница 100/173 |