|
Баёни он ки фатҳ талабидани Мустафо саллалоҳу алайҳи ва саллам Маккаро ва ғайри Маккаро ҷиҳати дӯстиву мулки дунё набуд, чун фармудааст: «Ад-дунёа ҷифатун», балки ба амр будҶаҳди пайғамбар ба фатҳи Макка ҳам Кай бувад дар ҳубби дунё муттаҳам? Он кӣ ӯ аз махзани ҳафт осмон Чашму дил барбаст рӯзи имтиҳон, Аз пайи наззораи ӯ ҳуру ҷон, Пур шуда офоқи ҳар ҳафт осмон. Хештан ороста аз баҳри ӯ, Худ варо парвои ғайри дӯст ку? Ончунон пур гашта аз иҷлоли Ҳақ, Ки дар ӯ ҳам раҳ наёбад оли Ҳақ. «Лоясаъ фино набиййун мурсалу, Ва-л-малак ва-р-рӯҳу айзан, фаъқилу». Гуфт: «Мо зоғем, ҳамчун зоғ на, Масти саббоғем, масти боғ на», Чунки махзанҳои афлоку уқул, Чун хасе омад бари чашми расул. Пас чӣ бошад Маккаву Шому Ироқ, Ки намояд ӯ набарду иштиёқ? Он гумон бар вай замири бад кунад, К-ӯ қиёс аз ҷаҳлу ҳирси х(в)ад кунад. Обгинай зард чун созӣ ниқоб, Зард бинӣ ҷумла нури офтоб. Бишкан он шишай кабуду зардро, То шиносӣ гардрову сардро. Гирди форис гард сар афрошта, Гардро ту марди Ҳақ пиндошта. Гард дид Иблису гуфт: «Ин фаръи тин Чун физояд бар мани оташҷабин?» То ту мебинӣ азизонро ба шар, Дон, ки мероси Билис аст он назар. Гар на фарзанди Билисӣ, эй анид! Пас ба ту мероси он саг чун расид? Ман наям саг, шери Ҳаққам, ҳақпараст, Шери Ҳақ он аст, к-аз сурат бираст. Шери дунё ҷӯяд ишкореву барг, Шери мавло ҷӯяд озодиву марг. Чунки андар марг бинад сад вуҷуд, Ҳамчу парвона бисӯзонад вуҷуд. Шуд ҳавои марг тавқи содиқон, Ки ҷуҳудонро буд ин дам имтиҳон. Дар нубӣ фармуд, к-эй қавми яҳуд! Содиқонро марг бошад ганҷу суд. Ҳамчунон ки орзуи суд ҳаст, Орзуи марг бурдан з-он беҳ аст. Эй ҷуҳудон, баҳри номуси касон, Бигзаронед ин таманно бар забон. Як ҷуҳудӣ, ин қадар заҳра надошт, Чун Муҳаммад ин аламро барфарошт. Гуфт: «Агар ронед инро бар забон, Як яҳудӣ худ намонад дар ҷаҳон». Пас яҳудон мол бурданду хироҷ, Ки макун расво ту моро, эй сироҷ. Ин суханро нест поёне падид, Даст бо ман деҳ, чу чашмат дӯст дид.
Саҳифаи 172/173 |