|
Афтодани рикобдор ҳар боре пеши амирулмӯъминин Алӣ каррамаллоҳу ваҷҳаҳу, ки эй амирулмӯъминин, маро бикуш ва аз ин қазо бираҳонБоз омад, к-эй Алӣ зудам бикуш, То набинам он даму вақти туруш. Ман ҳалолат мекунам, хунам бирез, То набинад чашми ман он растахез. Гуфтам: «Ар ҳар заррае хуне шавад, Ханҷар андар каф ба қасди ту равад. Як сари мӯ аз ту натвонад бурид, Чун қалам бар ту чунон хатте кашид. Лек беғам шав, шафеъи ту манам, Хоҷаи рӯҳам, на мамлуки танам. Пеши ман ин тан надорад қимате, Бе тани хешам фатӣ ибну-л-фатӣ. Ханҷару шамшер шуд райҳони ман, Марги ман шуд базму наргисдони ман». Он кӣ ӯ танро бад-ин сон пай кунад, Ҳирси мириву хилофат кай кунад? З-он ба зоҳир кӯшад андар ҷоҳу ҳукм, То амиронро намояд роҳу ҳукм. То амиреро диҳад ҷоне дигар, То диҳад нахли хилофатро самар.
Саҳифаи 171/173 |