|
Гуфтани пайғомбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мар Зайдро, ки ин сирро фоштар аз ин магӯ ва мутобиат нигоҳ дорГуфт пағамбар ки асҳоби нуҷум Раҳравонро шамъу шайтонро руҷум. Ҳар касеро гар будӣ он чашму зӯр, К-ӯ гирифтӣ з-офтоби чарх нур, Кай ситора ҳоҷат астӣ, эй залил, Ки будӣ бар нури хуршед ӯ далел? Моҳ мегӯяд ба хоку абру фай, Ман башар будам, вале «юҳо илай». Чун шумо торик будам дар ниҳод, Ваҳйи хуршедам чунин нуре бидод. Зулмате дорам ба нисбат бо шумус, Нур дорам баҳри зулмоти нуфус. З-он заифам то ту тобе оварӣ, Ки на марди офтоби анварӣ. Ҳамчу шаҳду сирка дарҳам бофтам, То суйи ранҷи ҷигар раҳ ёфтам. Чун зи иллат вораҳидӣ, эй раҳин, Сиркаро бигзору мехур ангубин. Тахти дил маъмур шуд пок аз ҳаво, Бин ки «арраҳмон ала-л-арш иставо». Ҳукм бар дил баъд аз ин бевосита Ҳақ кунад, чун ёфт дил ин робита. Ин сухан поён надорад, Зайд ку? То диҳам пандаш, ки расвоӣ маҷӯ.
Саҳифаи 162/173 |