|
Чорсӯи зиндагӣ
МИҚДОРИ ОДАМ Панҷ милярд одами ошуфтаҷон
Зиндагӣ дорад ба зери осмон.
Наҳси Кайвон бас набуд, ки боз ӯ
Бими ҷон дорад зи “ҷанги ахтарон”?
Мефизояд насли одам дам ба дам
Дар замини орзуҳои баланд.
Мефизояд дастёзиҳои вай
Дар фазои ҷустуҷӯҳои баланд.
Лек ҳайронам, ки бо халлоқияш
Дар гили ҳастии худ дармондааст.
Мепарад гар з-остон то осмон,
Боз дар пастии худ дармондааст...
Сахт ҳайронам, ки аз чӣ дар ҷаҳон
Фитрати сартосарӣ кам мешавад?
Тухми одам мешавад афзун, вале
Одаму одамгарӣ кам мешавад?
Сахт ҳайронам, ки аз чӣ ҳар замон
Тангтар гирад варо паргори ӯ?
Ҳар қадар миқдораш афзунтар шавад,
Он қадар камтар шавад миқдори ӯ? [1987]
|