|
Чорсӯи зиндагӣ
ХОКРӮБ Дар кӯчаҳои шаҳр
Ҳар субҳдам нигар –
Пири хамидае,
Меҳнаткашидае
Ҷорӯб мезанад.
Дар мижжаҳои ӯ
Хобида гардҳост.
Дар кӯзапушти ӯ
Зардоби дардҳост.
Мурдасту зинда аст
Чанде дар ин ҷаҳон.
Умраш хазон шуда,
Рӯбад зи раҳ хазон.
З-ин раҳ ҷавонияш
Кайҳо гузаштааст.
З-ин раҳ зи дӯши ӯ
Дунё гузаштааст.
Рӯзаш шудаст шом,
Ӯ субҳҷӯ ҳанӯз.
Хезад ҳама саҳар
Бар пешвози рӯз
Хаш-хаш дами саҳар
Дар кӯчаҳои шаҳр
Ҷорӯб мезанад,
Аз баҳри Офтоб
Раҳ тоза мекунад... [1982]
|