|
Чорсӯи зиндагӣ
ПИРӢ Ин чи фаслест, ки ҷуз доғ нарӯяд аз хок,
Дасти гулпарвараш аз хандаи гул метарсад.
Зӯри кӯҳафканаш аз коҳ биҷӯяд имдод,
Аспи дарёбураш аз сояи пул метарсад.
Ин чи шаҳрест, ки аз зилзилаи раъша дар ӯ
Қасрҳо, кунгураҳо, майкадаҳо аз ҳам рехт.
Ҳама бигрехт ба ҳар сӯй чу посӯхтае
Хокбоде шуду хоки ҳамаро дарҳам бехт.
Ин чи дарёст, ки хушкида лаби соҳили ӯ
Моҳиёнаш ҳама хонанд суруди сакарот.
Санги қаъраш ҳама таркида зи бетобию дард,
Киштиҳояш ҳама дар хушкӣ биҷӯянд наҷот.
Ин чи боғест, ки барги ғаму ҳасрат дорад,
Кундаҳо пӯсида, пайванди ҷавон металабанд.
Лек алҳол, ки дар хок амонат доранд,
Аз ҷаҳон рафтанию боз ҷаҳон металабанд.
Ин чи даштест, ки дар охири беохири он
Ҳама муштоқи дами бозпасини нафасанд,
Вартаи охири умр аст, малӯлам, ки чаро
Ҳама доранд умеде, ки ба пирӣ бирасанд. [1982]
|