Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Чорсӯи зиндагӣ

МАДҲИЯИ АҶАЛ

Меситоям маргро!
Баски ӯ ҳам офаринанда-ст монанди табиат,
Баски ӯ ҳам офаринанда-ст монанди муҳаббат,
Баски дар халлоқият чун модар аст,
Дар назар қонуншикан бошад, вале қонунгар аст.

Меситоям маргро!
Коҳилонро аз сари раҳ мерабояд,
То ки насли тоза ояд, пешпо нохурда бар он мурдаҳо
Ҷониби оянда осон бигзарад.
Меситоям маргро!
Зиндагии тозарӯ меофарад,
Наслҳои тозаҷӯ меоварад.

Маргро беҳуда коҳиш мекунанд,
Барабас аз дасти ӯ фарёду нолиш мекунанд.
Ҷурми ӯ нест!
Ҷурм ҷурми зиндагист!
Зиндагӣ аз рӯзи зодан то ба баъд
Мурдани пай дар пай аст,
Марг бар он нуқтаи таммат гузорад.

Қомати хамгашта аз тазйиқи бори рӯзгор,
Дастҳои раъшадор,
Чашмҳои обрав,
Гӯшони кар,
Узвҳо коҳида аз ҳам рехта,
Устухонҳо об гашта,
Бандҳо бигсехта,
Сар дигар фикре надорад ғайри мурдан...
Дар ҳамин соат аҷал
Мешитобад зуд бар имдоди мо.
Ӯ фақат дар ин ҷаҳон, ки кай ба доди мо расад,
Мерасад бар доди мо!...

Меситоям маргро!
Кушта наслеро, ки баҳри зиндагонӣ мурдааст,
Насли дигарро музаффар мекунад.
Зиндагониро ҷавонтар мекунад.
Меситоям маргро,
Ки мисоли барфи нав
Оби дарёро мутаҳҳар мекунад.
Зиндагиро мекунад таҷдидҳо,
Кушта моро, мекунад тавлидҳо!

Меситоям маргро!
Хоса он соат, ки ӯро одамӣ дар интизор аст.
Хоса он соат, ки пири хастае
Синааш абгору чашмаш бешарор аст,
Дар раҳи ӯ чашми чор аст.
Аз фишори зиллату ранҷу ано
Лобаҳо дорад ба даргоҳи худо:
Эй худоё, марги осонам бидеҳ!
Интиҳои коҳиши ҷонам бидеҳ!

Меситоям маргро!
Меситоям маргро, ки зиндагиро тоза медорад.
Ҷой холӣ мекунад бар наслҳои навписанд,
Ҷой холӣ мекунад бар бузрукони ҳушманд.
Меситоям маргро
Баҳри он ки гар Дақиқиро намекушт,
Номе аз Фирдавсии тӯсӣ набуд!
Мурдани мо ҳам ба сони зодани мо
Зиндагиро нав кунад.
Пас чунон ки зодани одам сазовори муборакбодҳост,
Мурдани дарвақти ӯ ҳам лоиқи табрикҳост.
Пас барои мурдани дарвақт бояд шод буд,
Пас барои мурдани дарвақт ҳам бояд
сазовори муборакбод буд!

Меситоям маргро бо он, ки моро мекушад!
Меситоям маргро, ки зиндагиро сӯи фардо мекашад!
Меситоям маргро,
Ҳамду сано мехонамаш!
Чунки бе ӯ зиндагӣ як қолаби афсурда аст...
Чунки бе ӯ зиндагӣ як саҳнаи пурмурда аст...

[1982]

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵