|
Чорсӯи зиндагӣ
* * * Чун бубинам, ки сарфарозонро
Зиндагӣ зердасти худ кардаст
Ноаён бекаманду безанҷир
Ходими пойбасти худ кардаст;
Чун бубинам аёлмандеро
Қолаби зиндагӣ фурӯ бурдаст,
Ҷоми ӯ лабшикаставу нима,
Ҷисми ӯ хастаю палакмурдаст;
Чун бубинам, ки обрӯманде
Ташнаи оби ҷӯи куҳсор аст,
Дар назар пурсалобату пурдил,
Лек некӯш бинӣ, бемор аст;
Чун бубинам, ки обрӯманде
Аҷз дида, тарки орзу кардаст,
Монда дар нимараҳ зи худ розӣ,
Роҳи дигар на ҷустуҷӯ кардаст;
Чун бубинам, ки оҳанинзӯре
Гашта зангорхурдаву берӯҳ,
Нобарории хешро дида,
Мехурад май зи ғуссаву андӯҳ;
Бингарам чун ба чашми густохон –
Чашмашонро ҳаёт тарсондаст,
Ҷисмҳошонро гирифта дар қабза
Мисли шохи дарахт ларзондаст;
Гӯям, – эй дӯстон, – муросо чист?
Зиндагиро ба ҳукми худ созед.
Хомию сархамӣ чӣ кор ояд?
Хештанро ба кӯра бигдозед!
Одамӣ гар зи хеш розӣ буд,
Ҳикмати зиндагӣ намеомӯхт.
Буд розӣ агар ба оташбарг,
Оташи ҷовидон намеафрӯхт.
Одамӣ гар зи буда розӣ буд,
Ганҷи нобударо куҷо меёфт?
Одамӣ гар ба пастӣ қонеъ буд,
Кай нишимангаҳи само меёфт?
Зиндагӣ нест ҷои созишгоҳ,
Зиндагӣ ҷои амру фармон аст.
Зиндагонист ҷои сӯзишгоҳ,
Худшиносию шӯру исён аст! [1979]
|