|
Чорсӯи зиндагӣ
ДАР БАЧЧАГӢ Дар замони бехудию бесарӣ
Чун камонвар аз фалахмон
Сангҳо афкандаам бар шишаҳои хонаҳо.
Эй басо бо шавқу шодон.
Бо фиғону моҷаро
Пирзанҳо аз ақибам медавиданд.
Ман тиҳипо медавидам,
Пирзанҳо кай ба гардам мерасиданд?...
Даргузашт он фасли зебо,
Ҳамчу шабнам аз рухи гулҳо парид.
Пирзанҳо рахт барбастанд аз дунё,
Зиндагӣ моро ба некӣ парварид.
Ин замон бо изтироб
Ҳар шабе тарсида мехезам зи хоб,
Гӯиё он сангҳо,
К-афкандаам бар шишаҳои хонаҳо,
Мезанад бар шишаҳои хонаи ман,
Мезанад бар шишаҳои айнаку бар шонаи ман... [1975]
|