|
Чорсӯи зиндагӣ
НОМ Як ҷавон мехост шуҳрат ёбад андар байни халқ,
Номи худро зинда гардонад ба олам ҷовидон.
Фикр карду оқибат як чорае пайдо намуд:
Канд номашро ба рӯи сангу з-он шуд шодмон.
Гуфтамаш: Он сангро селоб агар аз ҷо барад,
Созад онро дар ягон ҷое зи чашми кас ниҳон,
Ё кафад он санг аз гармову аз сармои сахт,
Номи ту гум мешавад, бешубҳа, бо санг аз миён.
Гар ту хоҳӣ зинда бошӣ солҳои бешумор,
Умр бинӣ ҷовидонӣ то ҷаҳон дорад бақо,
Аз таҳи дил хидмати халқу диёри хеш кун,
Сабт кун номат ба қалби мардумони бовафо! 1959
|