|
Рӯзҳо мегузаранд
БИДРУД, ЭЙ НОҲАМРАҲОН Сангҳоро гуфтам:
по шавед,
биравем ба шаҳри ормонҳо.
Ба сарам сангборон шуданд.
Кӯҳҳоро гуфтам:
бикшоед синаҳотонро,
бинамоед ганҷинаҳотонро,
то кохе бисозем сарбагардун...
Гуфтанд: эй дун!...
Ҳама кинадорон шуданд.
Чашмаҳоро гуфтам:
ба рӯдҳо биомезед,
Рӯдҳоро гуфтам:
ба дарё биёмезед.
Рафтанд мастона
ба даштҳои бегона,
Маро ташналаб гузоштанд.
Ва ҳар кадом
аз ташнагии ман
ифтихор доштанд.
Ман хушкҷон мондам.
Маргро ба сарвақтам фаро хондам.
Беҳтар аз ҳамгинонам
омад зуд,
зуди ба зуд.
Ӯро миннат ниҳодам
ва фарёд сар додам:
Бидруд, эй сангҳои бедил,
Бидруд, эй кӯҳҳои коҳил,
Бидруд, эй чашмаҳои ботил,
Бидруд, эй рӯдҳои ҷоҳил!
Бидруд!
Бидруд! 23.10.1998 – Хуҷанд
|