|
Рӯзҳо мегузаранд
* * * Рӯз аз рӯз умр мегузарад,
Мешавам ҳар дақиқа дур аз хеш.
Чил баҳорам ба шӯхию мастӣ
Рафтаю ман нишаста беташвиш.
Баччаи содаи куҳистонӣ
По ниҳодам ба арсаи дунё,
Аз китобу катибаҳо ҷустам
Роҳи дунёву рози ҳастиро.
Одамонро чу ганҷи номакшуф
Хостам ёбаму биомӯзам.
То зи ҳар сатри чини пешонӣ
Дониши беқиёс андӯзам.
Одамизод чун сипеҳри баланд
Буда беибтидою беанҷом.
Гарчи пешиталаб бувад доим
Пеши торих коҳил аст мудом.
Хостам сирри ишқ дарёбам,
Сирри ӯ сад баҳои сар будаст.
Он, ки ман дилкашоли ӯ будам,
Дилкашоли каси дигар будаст.
Боз дар хештан фурӯ рафтам,
Боз худро сириштам аз меҳнат.
Дили пуртоқату ҷавонмардӣ,
Сари пуршӯри ман – зиҳӣ давлат!
Бемуҳобот зиндагӣ кардам,
Бемукофоту рутбаю унвон.
Воқиан, пок зистан оё
Худ мукофот нест, эй ёрон?!
Сол аз сол умр мегузарад,
Ман ҳам охир зи даҳр мегузарам.
Лек то зиндаам, ба чашми замон
Сурхрӯ, сарбаланд менигарам. [1988]
|