|
Рӯзҳо мегузаранд
* * * Сӣ баҳори умри ман андаргузашт,
Гӯӣ сӣ рӯди равон хушкидааст.
Лек андар соҳили он рӯдҳо
Боғҳои орзу сабзидааст.
Сӣ баҳори умри ман андаргузашт
Ноаён бо шӯхиҳои кӯдакӣ.
Он мане, ки буд то имрӯз, нест,
Гум шуда чун шеърҳои Рӯдакӣ.
Эй аҷаб, дирӯз ман кӯдак будам,
Дар дилам аз зиндагӣ доғе набуд.
На хатое, на гуноҳе доштам,
Танбеҳе аз ваҷҳи густохӣ набуд.
Эй аҷаб, дирӯз ман кӯдак будам,
Лонаҳо бар кафтарон месохтам.
Аз қафои шабпаракҳои сафед
Рӯзҳо бо кӯдакон метохтам.
Ман ҳам он як чӯҷаи кафтар будам,
Пар баровардам, паридам дар фазо.
Лек меояд ба гӯшам то ҳанӯз
Қум-қуми он чӯҷаҳои бегуно(ҳ)...
Сӣ баҳори умри ман бигзашту рафт
Мисли рӯзони гулафшони баҳор.
Сӣ гули худрӯи умрам хушк шуд,
Дар миёни даштҳову кӯҳсор.
Гӯиё бисёр раҳҳо тай шуданд
Дар давоми умри кӯтоҳи сарам.
Гӯиё бисёр кас огаҳ шуданд
Аз замирам, аз дилам, аз хотирам.
Гӯиё ман ҳам кушодам оламе,
Безиён гӯё, ки суде ёфтам,
Ки ба даври хеш чанде булфузул,
Нотавонбину ҳасуде ёфтам...
Бо чунин мардум сари баҳсам набуд,
Дилсияҳ, рӯсӯхта, туршидаанд.
Айбҳову доғҳои хешро
Бо замонасозиҳо пӯшидаанд.
З-ин сабукборони хаскаш нестам.
Мехурӯшам, то садое дардиҳам.
Меравам бо зиндагонӣ по ба по,
То ба пои зиндагонӣ сар ниҳам... [1975]
|