|
Рӯзҳо мегузаранд
* * * Чу аз модар ба дунё омадам ман,
Маро дар гоҳвора баста буданд.
Сари гаҳвораам биншаста ёрон,
Бароям номи лоиқ ҷуста буданд.
Ду дасту пои ман муҳкам бубастанд,
Ки донам қадри дасту пои озод.
Дилам мисли асир озодӣ ҷӯяд,
Биҷӯяд дар ҷаҳон паҳнои обод.
Маро дар гоҳвора баста буданд,
Ки аз баҳри халосӣ ёбам имкон,
Ки то дар ҷунбиши гаҳвораи хеш
Барои худ шавам тақдирҷунбон.
Маро дар гоҳвора баста буданд,
Ки қадри хонаободӣ бидонам.
Кушоям худ гиреҳ аз мушкили худ,
Зи хурдӣ қадри озодӣ бидонам. [1970]
|