Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Рӯзҳо мегузаранд

БОЗ ЯК РӮЗАМ ГУЗАШТ

Офтоб аз хонаи ман рафт бегаҳ,
Боз як рӯзам гузашт,
Боз як рӯзи пур аз сӯзам гузашт.

Кай ба дунё омадам ман?
Кай зи оташбозиҳои зиндагӣ огаҳ шудам ман?
Омадам. Рафтам.
Ту медонӣ маро?
Дар сурури хеш мехонӣ маро?

Панҷаҳои зарҳалии офтоби субҳгаҳ
Мисли дасти дӯст мекӯбад дарамро.
Ҳамчу дасти модарам ҳар субҳ рӯи бистарам
Сила месозад сарамро.

Тоҷҳои қуллаҳо дар нури хуршеди саҳар,
Сарбасар рахшон мисоли тоҷи шоҳони Аҷам.
Офтоб – он Шаҳрзоди пирумру дилҷавон
Мекунад афсонаҳои Шарқро зеби рақам...

Офтоб аз ганҷи бахшишхонаи умри абад
Лаҳзае овард бар ман армуғон.
Зиндагии ман зи умри ҷовидон ин лаҳза аст –
Лаҳзае, ки гунҷад андар ӯ ҳаёти ҷовидон.

Хондам хуршедро аз осмон,
То кунад бо ман пагоҳӣ ношто.
Чун варо аз чарх овардам фуруд,
Хонаи ман хонаи хуршед буд:
“– Ассалом, эй офтоб,
Эй чашми рӯзи нав, дуруд!
Ман ба гӯшат хонам имрӯз,
Аз муҳаббатҳо суруд...”

Офтоб аз хонаи ман рафт бегаҳ,
Кӯр шуд чашмони рӯз,
Хонаи ман боз бехуршед монд.

Дар миёни хонаи беофтоб
Худ ба худ мехонам акнун достони кӯтаҳе:
“То нагардад ҷом холӣ, пур нагардад аз маи нав,
То наафтад ҷомаи афсурда аз тан, кас напӯшад ҷомаи нав.
– Рӯз то бегаҳ нагардад, кай расад рӯзи дигар?
То набошад шом, чун навбат расад баҳри саҳар?..”

Офтобо,
Кай ба дунё омадам ман?
Чанд рӯз ин сон гузашту лек ман нагзаштам аз дунёи зебо,
То ҳанӯзам умрпаймо,
То ҳанӯзам ман шикебо?
Балки ҳамсоли туам ман?!
Балки ҳамзоди Ҳавою Одамам ман?!

[1968]

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵