Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Ман намемирам

МАРСИЯИ ХУРШЕД

. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .
. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .
На он тақлид ин тақлид,
На он хуршед ин хуршед.

Зи баъди чанд милён сол мемирӣ ту, эй Хуршед!
Ҷавоби он қадар дарвозаҳои субҳро бикшоданат
аз одаму олам мукофоте намегирӣ ту, эй Хуршед!

Замин гаҳвораи фарзанди одам буд,
Ту чун гаҳвораҷунбоне суруди алла мехондӣ.
Ҳама шаб ахтаронро рӯи он гаҳвора чун зоча
Барои кӯдакони хокзода медурахшондӣ.

Ду чашми кӯдаки навзод аз рӯзи бинои умр
Пас аз модар туро медид.
Ду чашми қаҳрамон дар корзорон лаҳзаи мурдан
Туро медиду модарро надида чашм мепӯшид.
Ва дар зикри нигоҳи вопасинаш чун нишони умр
Зи ту як порае бар хоки тар мебурд.
Даруни гӯр,
Андар синаи хомӯшу сарди ӯ
Чу ёри ҷонбаҷонаш пораи нури ту ҳам мемурд.
Туро ҳар бандаи миранда бо худ мебарад бар гӯр,
Ту бо ҳар бандаи мирандае мемирӣ, эй Хуршед!

Ту бо ҳар ахтаре, к-аз базми анҷум дур мегардад,
Ту бо ҳар чашми биное, ки аз ғам кӯр мегардад,
Ту бо ҳар қатраи хуне, ки афтода ба гил мағшуш мегардад,
Ту бо ҳар қатраи обе,
Ки дур афтода аз ҷӯши тарокумҳову тӯфонҳо,
Ба зери шуълаат хомӯш мегардад,
Паёпай, зарра-зарра, ноаён мекоҳӣ, эй Хуршед!

Ту бо ҳар марди зиндонӣ, ки дар зиндон
Зи пушти панҷара чашмаш ба сӯи қурси ту мурдаст,
Ту бо ҳар сарбадоре, к-охирин лаҳза
Ба сӯи ту назар афканда, аз дунё сафар кардаст,
Ту бо ҳар дилбари хуршедрӯ, к-андар ғуруби офтоби ҳусн
Аз ин дунё ба сина доғҳо бурдаст,
Ба зиндону ба зери дорҳо мемирӣ, эй Хуршед!
Зи бухлу кинаву озорҳо мемирӣ, эй Хуршед!

Ту бо ҳар шоире, к-аз шӯри дил дилро бифарсояд,
Ту бо ҳар ошиқе, к-аз нобарорию ситамгорӣ
Ба мижгон ашк полояд,
Бикоҳиву бифарсоӣ,
Зи худ як дам наёсоӣ.

Ту чун марди мусофир дар биёбони фалак танҳо,
Ба манзил норасида, дар миёни роҳ мемирӣ.
Агарчи асрҳо равшангари торихҳо будӣ,
Чу пири зуфунуне оқибат гумроҳ мемирӣ.

Зи баъди ту Замин даври чӣ хуршеде ҳамечархад?
Ба даври офтоби дигаре? Ҳайҳот!
Пас аз ту боз, мегӯянд, Хуршеди дигар созанд;
Чунон ки баъди Фирдавсӣ нашуд “Шоҳнома”-е иншод,
Валекин шоирон буданд...
Замин дар мотами ту,
Даври гӯри нурхези ту
Ба мисли сӯгворе навҳа созад, хешро сӯзад,
Ту Хуршеди ҷаҳон будӣ, вале бар ёдгори ту
Ҷаҳон андар сари гӯрат чароғи хира афрӯзад...

Чу умри одамӣ кам мешавӣ ҳар рӯзу ҳар соат,
Зи рӯз аз рӯз ҷонат хастаю ранҷур хоҳад шуд.
Ва рӯзе бо ҷаҳон аз сактаи дил мекунӣ падруд,
Ҷаҳон бечашми ту чун пирамарди кӯр хоҳад шуд.

Дареғо! Ҳасрато! Ҳайфо!
Барои зиндагӣ чун модарон мемирӣ, Эй Хуршед!
Дилатро коста аз баҳри тифлон, ногаҳон мемирӣ,
Эй Хуршед!
... Вале то он даме, ки чашмҳоям сӯи ту боз аст,
Ба сӯят бо ҳазор уммед сар афрозам, эй Хуршед!
Агарчи зарраам, рӯзе
Ба пеши чашми ту худро аён месозам, эй Хуршед!
. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .
Сипас бидруд, эй Хуршед!
Сипас бидруд, эй Хуршед, эй Хуршед!

[1973]

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj