Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Шеъри таърих

ДАР БУХОРОЮ САМАРҚАНД

Дар Бухорои шариф чанде касиф
Мактаби тоҷикиро дар бастаанд.
Махзани тоҷикро дуздидаанд,
Муҳраи тоҷикро бишкастаанд.

Дар Самарқанди самарманд
Аз ғурури тоҷикӣ тарсидаанд,
Гардани торихро бишкастаанд,
Синаи торихро бибридаанд.

Дар Самарқанду Бухорои шариф бар тоҷикон
Дода бас асноди қалби зӯракӣ,
Бар ҷигаргоҳи нумӯи ориён
Захмҳо зад кордҳои зӯракӣ.

Дар Самарқанду Бухоро
Нӯш шуд дар коми тоҷик нештар.
Лаб фурӯ барбаста аз лафзи дарӣ,
Тоҷики дилреш шуд дилрештар.

Дар Бухорое, ки гуфта Мавлавӣ:
“Ин Бухоро манбаи дониш бувад”
Баъди Мавлоно чӣ гӯям, эй дареғ,
Ин Бухоро маншаи нолиш бувад...

Дар Самарқанди самархези адаб,
Шеъри тоҷик камсамар шуд.
Мурдани тоҷик ин ҷо зиндагист,
Кохи тоҷик хоки дар шуд.

Дар Бухорое, ки аз дини араб,
Рӯй баргардонда буда чор бор.
Гардани тоҷикро овехтанд
Дар замони Ҳуррият бар чор дор.

Дар Самарқанде, ки он ҷо Сӯзанӣ
Сӯзане дар чашми душман будааст,
Ин замон дар чашми сӯзан мондааст,
Гарчи бар тоҷик маъман будааст.

Дар Бухорое, ки он ҷо устоди Панҷрӯд
Мардуми чашмони худ гум кардааст.
Бо ҳама қурбонии молу манол,
Хешро қурбони мардум кардааст.

Ҳалқа чандон танг шуд, ки оқибат
Тоҷик аз тоҷик будан хаста шуд.
Дур шуд аз хеш чун милоди хеш,
Бо ҳама ворастагӣ вобаста шуд.

Ду абаршаҳри Аҷам зери табар шуд,
Ду қадамгоҳи бузургон доми дам шуд.
Баъд аз он гарданфарозиҳои фарҳангиву сарҳангӣ
Гардани тоҷик хам шуд...

Офарин, эй Ҳуррият!
Гарчи озодӣ ато кардӣ барои миллати мо.
Лек бо дасти ҳама туркигароён
Беш кардӣ иллати мо, зиллати мо!

Офарин, эй Ҳуррият!
Доҳиёнат аз даҳои тоҷикон огаҳ набуданд.
Пуштбони бенавоён буда гуё
Аз навои тоҷикон огаҳ набуданд.

Офарин, эй Ҳуррият!
Зиндагӣ шуд пурхалалтар.
Бонаво гар бенаво шуд,
Камбағал шуд камбағалтар.

Офарин, эй Ҳуррият!
Доҳии яктои миллатпарварат гар Исталин буд,
Зиндагии тоҷикон бо марги торихаш қарин буд.
Баҳри халқи лоязол
Марги фарҳангаш яқин буд.

Офарин, эй Ҳуррият!
Чанд кӯҳу санг додӣ...
Манзили тоҷикро кӯҳсор кардӣ.
Санг додӣ то занад бар фарқи ҳамдигар...
Орият додӣ ба насли ориён якчанд санг,
Хидмати бисёр кардӣ –
Рӯҳашонро хор кардӣ...

Офарин, эй Ҳуррият!
Тоҷиконро кардӣ ту маҳрум аз гаҳвораи хеш.
Дигарон аз дигарон бечора бошанд,
Кардӣ ту тоҷикро бечораи хеш...

Офарин, эй Ҳуррият!
Гар набидҳӣ бар суоли ман ҷавоб,
Дасти ман бар доманат
То домани явмулҳисоб!

[1989]

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵