|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Корпус Лоика Шерали 1941 - 2000
|
Шеъри таърих
ТИЛЛОИ БУХОРО Ба ёд орам чу тиллои Бухороро;
Дили тиллоиям сад пора мегардад,
Сари тиллоиям гиҷ мешавад аз ғам,
вуҷуди хокиям бо хуни тиллодори ҷӯшонаш
ба хоки тира яксон мешавад як дам.
Агарчанде ки хурда бас сари сурхе зари сурхаш,
вале шодам,
Ки боқӣ аз қатори борбаста аз тилои сурх,
Зи тиллои парешон дар ҷаҳон чун тухми тоҷикон,
Зи тиллои ниҳон дар хок
ва ё дар гӯрҳо мадфун;
ва ё бо соҳибони аз ватан рафта
ватангумкардаву сарсон;
ва ё бо соҳибони аз забону асли худ мункир,
Ки тилло буда асли мазҳабу имону миллатшон...
Барои тоҷикон як махзани тиллои сармад монд,
Барои тоҷикон як ганҷи беҳамтои миллат монд,
Ки Айнӣ буду осори киромандаш
ва миллатпарвариданҳову савгандаш,
Ки садҳо сол тоҷикро
дар ин дунёи ҳоҷатманд
Ғанӣ медораду дорову давлатманд! [1989]
|
|
|
|
|
|
|