|
Шеъри таърих
* * * Буд агар Хайём ҳамдаврони мо,
Орзуҳояш ба сомон мерасид.
То ба чархи дигар, афлоки дигар
Дасташ осон мерасид.
Бешак, ӯ мебуд марди ҳамназар
Бо Сиолковиский ё ки Эншитен.
Дар замин меҷуст агар рози фалак,
Дар фалак – рози замин.
Бешак ӯ аз мо фузун ғам мекашид
Дар ҷаҳони мардию риндигарӣ.
Бешак ӯ меҷуст аз мо бештар
Роҳу расми дилбарӣ.
Лек бо он рӯҳи исёнии худ,
Бо ҳама бебокию азми дуруст
Он ҳақиқатро, ки меҷуст он замон,
Ин замон ҳам боз меҷуст... [1982]
|