|
Шеъри таърих
АҲМАДИ ДОНИШ Як ҷаҳон буд хору вомонда
Ҳарфе аз худшиносӣ нохонда.
Монда дар инҳисори худ умре,
Пеши пои адӯ сар афшонда.
Як ҷаҳон буд дангу девона,
Дар ватан қисмати ғарибона.
Гашта саркӯб як ҷаҳон уммед,
Орзу пойкӯби бегона.
Иддае масти муддаои худ,
Баста ишкелҳо ба пои худ,
Як ҷаҳоне на дузд, на дарбон
Як ҷаҳон дузди хонаҳои худ.
Ҷоние чанд ҷонфишон буданд,
Камдиле чанд дилситон буданд.
Ходае чанд хушку пӯсида
Дар сари гӯри мурдагон буданд.
Аз Петербург – шаҳри исёнӣ
То Бухорои шаҳри нисёнӣ
Пайки тағйири қисмат овардӣ –
Пайки тағйири рӯзи инсонӣ...
Як ту бонии он Ватан будӣ,
Ҷангии ҷанги мову ман будӣ.
Ламъае дар шабони зулмонӣ,
Мухбири вақти хештан будӣ.
Як ту будӣ фидоии миллат,
Дар ғами ошноии миллат.
Ҳамчу як пешмаргаи пайкор
Баҳри мушкилкушоии миллат.
Як ҷаҳон буд кӯру ту бино,
Як ҷаҳон буд гунгу ту гӯё.
Як ҷаҳон буд ташнаю афсӯс
Ҳам надонист, ки туӣ дарё... [1975]
|