|
Шеъри таърих
ҲАМДАРДИ КӮҲИСТОН Ба хотираи
Акашариф ҶӯраевТу мехондию мешуд об ҳар як санги кӯҳистон
Фарохо мешуду паҳно ҷаҳони танги кӯҳистон,
Ту мехондию метобид андар дидаи мардум
Ба чандин ҷилвае дунёи рангоранги кӯҳистон.
Ба овозат забон додӣ сукути кӯҳсоронро,
Ба мардум ошно кардӣ ту дарди дӯстдоронро.
Ба ҳар як парда санҷидӣ баланду пастии олам,
Ба ҳар як ларзаи оҳанг сабки обшоронро.
Чу аз ҳар захмаи ту торҳои ҷӯр меларзид,
Маҳин дар рӯи мавҷи об мавҷи нур меларзид,
Дили ошиқ адо мешуд, дили маъшуқа гум мезад,
Чу кокулбанди духтар пӯпаки танбӯр меларзид.
Туро ҳар санг дорад ёд, эй ҳамдарди кӯҳистон,
Зи ҳар кӯҳе садо ояд: куҷо он марди кӯҳистон?
Садои ғулғуландозаш, навои рӯҳпардозаш
Ба дунёи ҳунарҳо буд роҳоварди кӯҳистон.
Туро имрӯз ҳам хоҳанд дар ҳар манзили тоҷик,
Чу дорӣ хонаи ҷовид андар ҳар дили тоҷик.
Ту хомӯшӣ, намехонӣ, вале танбӯри ту гӯёст,
Агарчи ҷои ту холист дар ҳар маҳфили тоҷик. [1973]
|