|
Шеъри таърих
АЙНӢ Зи лавҳи гӯрҳо, аз мармари сарди мазористон,
Зи хоки мурдагони зиндатар аз зиндадаргӯрон,
Зи нақши ҳар катиба, нақши нохун дар тани зиндон,
Зи соҳилҳои бедарё, зи дарёҳои беҷарён
Ту моро кофтӣ, устод,
Ту моро ёфтӣ, устод!
Зи аъмоқи фаромушхонаҳои тираи торих,
Зи хоке, ки шуда омоҷгоҳи тири бадхоҳон,
Чу абёти парешоне, ки монд аз Рӯдакӣ мерос,
Ту моро ҷамъ овардӣ зи ҳар маҷмӯъаву девон,
Ту моро зинда гардондӣ,
Ба мо моро шиносондӣ.
Зи исёнҳову шӯришҳо, зи кулли буду нобудаш
Зи фарёди таболудаш, зи Фирдавсию Маҳмудаш,
Зи хунҳое, ки баҳри хунбаҳои ҳамгинонаш рехт,
Зи андӯҳи тараболуду шодии ғамолудаш
Ту ҷустӣ сарнавишти халқ,
Оғози сиришти халқ.
Чу айвони валангоре, ки на бому на девораш,
Чу девори ҳисоре, ки на синҷеву на болораш,
Ту торихи хароби халқро тармимҳо кардӣ,
Шиносондӣ ба бунёдаш, ба фарҳангаш, ба осораш,
Ки мо ҳам одамем охир,
Ва аз ин оламем охир!
Чу гумҷӯе, ки меҷӯяд паи гумгаштагонашро,
Чу танҳое, ки меҷӯяд зи дунё дӯстонашро,
Нишони мардумон ҷустӣ ту аз шаш соҳати торих,
Барои ҳоҷати имрӯз ганҷи бостонашро,
Ки бе дирӯз ҳоло нест,
Ки бе имрӯз фардо нест...
Зи юмни Инқилобе, к-устодат буд (худ гуфтӣ)
Бурун овардӣ як-як мурдаҳоро ту зи гӯристон,
Ва андар тоҷгоҳи ҳар кадоме тоҷ бинҳодӣ,
Ҳидоят кардӣ ононро барои хидмати даврон,
Ба онҳо ҷон ато кардӣ.
Сари минбар баровардӣ.
Зи маснадҳову манзарҳо,
Зи чанги роҳи кишварҳо,
Зи авроқи баёзу ҳарфи нохонои дафтарҳо,
Зи сарҳое, ки рӯи дорҳо ҳам буда сарафроз,
Зи ҳар доре, ки бишкаста зи бори фитрати сарҳо,
Ту ҷустӣ номи тоҷикон,
Муроду коми тоҷикон.
Туро чун ҳимматеву фитрати олампаноҳе буд,
Ба чашмандози ту пайдо ҷаҳони мурғу моҳӣ буд,
Ҳама печухами торихро бо сар гузаштӣ ту,
Ки аз мардонагии халқ осораш гувоҳе буд,
Шудӣ худ ҳайкале дигар,
Ба мардум машъале дигар.
Чу аз зиндон раҳо гаштӣ,
Хаёлам, нуру фазлу шеър аз зиндон раҳо гардид.
Ба дунё омадӣ чилсола шогирде, к-аз устодиш
Забони мо ба даъватҳои даврон ҳамсадо гардид.
Садояшро ҷаҳон бишнид,
Ҷаҳони бекарон бишнид.
Ту худ як инқилобе дар шуури мардумон будӣ,
Ту худ як изтиробе дар ниҳоди ину он будӣ,
Ба рағми он ҳама кӯрони торихи наҷиби мо
Ту чун мушти гиреҳбаста, чу тири дар камон будӣ.
Ту аз мо сохтӣ моро,
Зи мо бишнохтӣ моро.
Бас аз хокистари хомӯш оташҳо фурӯзондӣ,
Шарарҳое басо аз сангҳои сард рӯёндӣ,
Сари гӯри ниёгон машъала афрӯхтӣ аз меҳр,
Аз ин рӯ ҳамчу машъал дар сари дасти замон мондӣ!
... Чунин андар ҷаҳони гирдгардон,
Чунин андар ҷаҳони рӯҳи озодон
Бузургонро бузургон зинда медоранд,
Бузургонро бузургони дигар поянда медоранд... [1973]
|