Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
menu

Poets of the classics

The corps of Rudaki
The corps of Mavlono
Shohnomai Firdavsi
Saadi Sherozi

Modern poets

The corps of Loiq Sherali
Mumin Qanoat
Habibullo Fayzullo
Seacrch

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
The book manual
www.termcom.tj
Accept as a begin page
To lead in selected list
About our site
Please, write to us!
 


1941 - 2000


Ғазалиёт

* * *

Решаи ман, маншаи аҷдоди ман,
Асли ман, Эрони ман, бунлоди ман.

Ҷони мо чун риштаи дубофтаст,
Бофти ман, тору пуди ёди ман.

Гар набошҳ, синаи мо медарад
Душмани имони ман – ҷаллоди ман.

Чанд ҷофил мондҳ аз дарди дилам,
Як туҳ имрӯз ҳамфарёди ман.

Баъди Сомонҳ моро сомон намонд,
Бод бар каф шуд ҳунарободи ман.

Аз Варорӯд ин ҳама ҷофил мабош,
Дасти Рустам ёз бар имдоди ман.

Нури ҷоми Ҷам бияфкан бар дилам,
Шодмон кун ин дили ношоди ман.

Ҳар дари ту масдари лафзи дарист,
Мактаби ман, мазҳаби ман, доди ман.

Мо ҳама ҷамъи парешони туем,
Эй ту ҳам сарводаву сарводи ман.

Ман агар раҳгум задам дар роҳи худ,
Шодбахтам, ки туҳ иршоди ман.

Худ ту битвонҳ гиромҳ доштан
Яшти ман, Зардушти ман, иншоди ман.

Оташи Зардушт дар чашмони туст,
Оташи ишҚи нахустэҷоди ман.

То ба даргоҳи абад хоҳад расид
“Маснавҳ”-ю “Шоҳнома”-зоди ман.

Мерасад бар чарх аз гулдастаҳот
Оҳи ман, афҷони ман, фарёди ман.


Боди шурта гар набуд аз сӯи ту,
Эй дареҷ аз кӯшиши барбоди ман.

Хомии моро ту хоҳҳ пухта кард
Кӯраи ман, Коваи ҳаддоди ман.

Зимни номи ту ба фардо мебарад
Тӯшаи торихро авлоди ман.

Дар ту мебинам камоли оли хеш
Эй зи салсоли азал ҳамзоди ман.

Дар ту мепечам чу гул бар буттае
Хонаи имони ман, меоди ман!

3.02.1991 – 3.01.1992

 
new articles
The future of Tajikistan
General base of development of National Language.
General principle of agreement.
Language of Science and National Literary Language.
The problem of standartizatsion.
National Language is basical element of Statebuilding.
Our friends
www.cit.tj - School information and telecommunications technologies
Babilon-T
Children’s Fond «Oshyoni Baland» by name of Mirzo Tursunzoda
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Republic of Tajikistan, Dushanbe city, х. Rudaki 33
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj