Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
Меню

Поэты классиков

Корпус Рудаки
Корпус Мавлоно
Пайкараи Ҳофиз
Шоҳномаи Фирдавсӣ
Корпус Саади Шерози

Современные поэты

Курпус Лоика Шерали
Муъмин Қаноат
Ҳабибулло Файзулло
Поиск

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
Книга наставление
Прелесть смоляных, вьющихся кудрей
От багряных роз кажется нежней.
В каждом узелке - тысяча сердец,
В каждом завитке - тысяча скорбей.
Рудаки
www.termcom.tj
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
 

Корпус Лоика Шерали
1941 - 2000


Ишқнома

КӮЗАИ ОРМОН

Пайроҳае, ки мову ту даврони баччагӣ,
То шоҳраҳ наомада, аз ҳам ҷудо шудем,
Имрӯз кӯр гаштаву қолини сабза аст.
Аз ҳам ҷудо шудем мо,
Оё куҷо шудем?!

Он кӯзае, ки тори сар бинҳода ҳар ғуруб
Меомадӣ ба ҷониби сарчашма баҳри об,
Дар нимараҳ ба ёди кӣ бишкасту об рехт?
Ларзид ногаҳон чаро он пайкари батоб?

Он курсиҳои мактабӣ аз мо чӣ дидаанд?
Дарси ҳисоб омада бедафтару китоб,
Бӯсида пӯпаки туро пинҳон зи устод,
Бишмурда кокули туро омӯхтам ҳисоб.

Чил кокули маҳини ту чилтори ман буданд,
Оҳангҳои ишқи ман з-онҳо баланд шуд.
Ду милаи сиёҳи ту дутори ман буданд,
З-оҳанги рез-резашон ҷонам ба банд шуд.

Рухсораат чу зарварақ рахшону зарфишон,
Пешонаят чу коғази афшон ситорарез.
Ду чашми ту – ду каффаи мизони ошиқӣ,
Гаҳ моили муруввату гаҳ моили ситез, –

То ҳол пеши дидаам пайдо шавад мудом,
Ҳар гаҳ ба ёд оварам, хун мешавад дилам.
Дар мулкҳои баччагӣ бесуд ҷӯямат,
Дар роҳҳои баччагӣ раҳ меравад дилам.

...Поезд ҳамчу баччагӣ бас зуд меравад,
Оҳанраҳест як раҳу ду хат зи ҳам ҷудо.
Ду хатти раҳ – ду милаи пурпечутоби туст,
Ҳамроҳ меравад, вале аз ҳам ҷудо чу мо.

Поезд аз миёнаи саҳрою даштҳо,
Аз ағбаҳои саҳмгин, аз рахнаҳо гузашт.
Эй шоҳиди муҳаббати бедоғи баччагӣ,
Он ишқи лавҳсодагӣ аз мо чаро гузашт?!

Он чашма то ҳанӯз ҳам фаввора мезанад,
Он кӯзаи дудастаат аммо шикасту рафт.
Ёди ту мушт бар дили садпора мезанад,
Аммо чӣ суд?
Чун хато дар аҳд аз ту рафт...

Аз дур бишнавам мудом осоиши туро,
Шояд расад ба гӯши ту гаҳ-гаҳ дуруди ман,
Гаҳвораи мунаққаше, тифле чу моҳи нав...
Лолоие ба гӯши ӯ хон аз суруди ман!

[1967]

 
Новые статьи
Ояндаи Точикистон
Пояҳои густариши забони миллӣ.
Қоидаҳои созиш.
Забони илмӣ ва забони адабии миллӣ.
Масъалаҳои стандартсозӣ.
Забон рукни асоситарини давлатдорист.
Наши друзья
www.cit.tj - Школа информационных технологий и телекоммуникаций
ЗАО "Babilon-T"
Детский фонд "Ошёни баланд" имени М.Турсунзаде
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
764025, Республика Таджикистан, город Душанбе, х. Рудаки 33
тел: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj