Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Ишқнома

ДУМБУРА

Реза-реза медавад асп,
Аз ҳаво намреза мерезад ба рӯю чашмҳояш.
Мешавад ҳар тори ёлаш шаддаи зебои марҷон.
Рӯи зин биншаста як зебоҷавон,
Ҷомаи домодӣ бар тан, розӣ аз дунё нигоҳаш,
Мебарад аз деҳа бо худ як арӯси меҳрубон.

Аз даруни хонаҳои лойдевори дара
Мерасад бар гӯш савти думбура.

Менамояд сайр рӯи қабрҳо,
Бар мазористони беному нишони рафтагон
Ҳамчу рӯҳи пок, ҳамчун достони ёдгорӣ,
Дар шаби торику беҷон
Як садои гарму нарми иштиёқеву хуморе,
Гӯӣ меҷӯяд зи ҳар як рафтае ному нишон.

Ҳаст ҳамчун косаи сар пурсадо, пурғулғула
Косаи эъҷозкори думбура.

Пир мегардад сабукболу сабукрӯҳ,
Зинда мегардад ба чашмаш рӯзҳои рафтааш,
Корҳои кардаю нокардааш,
Розҳои гуфтаю ногуфтааш.
Донаи тасбеҳи дасташро на бар зикри худо,
Балки чун як рӯзи рафта мекунад эҳсос байни панҷаҳо.

Чои талху нони гарму сояи ғарқу сара...
Мерасад бар гӯш савти думбура.

Модаре дар рӯзи гарми офтобӣ
Мебарорад бар сари торе ҷиҳози духтарашро.
Дар миёни парчаҳои шоҳвору кимхо
Мезанад чашмаш ба нақшу зарҷиҳакҳои фаранҷӣ,
Мешавад пайдо ба чашмаш саҳнаҳои пуршиканҷе.
Мекашад оҳи гароне,
Баъд мегӯяд дуое бо алам:
“Ман надидам, кош бинад духтарам...”

Аз миёни панҷаҳои пиру барно яксара
Мерасад бар гӯш савти думбура.

Қиссаҳои куҳна мемиранд бепай,
Кафтарон дар шохсорон бӯса месозанд нӯли якдигарро.

Ошиқон оғӯш мегиранд,
Мебанданд аҳди пойдории вафо,
Бо табу тобе ба рӯи синаи ҳам монда сарро.
Косаи оби никоҳӣ мефитад аз дасти мулло.

Аз буни ҳар санг, аз ҳар як гиёҳи гулдара
Мерасад бар гӯш савти думбура.

11.04.1966

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵