Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
هر، که ناموخت از گزشت روزگار،
نیز ناموزد ز هیچ اموزگار.
رودکی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Хоки Ватан

ВАТАН

Хуршед кай ба ними раҳ истод ногаҳон
Чун дид дар саросари хокат мусибат аст?
Дигар нашуд харитаи рухсори моҳтоб,
Чун хатти сарҳади туро ноодаме шикаст.

Дар зери пои неку бад шуд кӯфта замин,
Бефарқ хуну обро ҳамвора даркашид.
Ҳаргиз нагуфт бар баде “По шав зи рӯи ман!”
Яксон ба дӯши хештан сангу гуҳар кашид.

Бо чашми дил нигаҳ фиканд аз рӯи мардумӣ
Танҳо ба фарқи обу хун фарзанди одамӣ
Дод обу об хурд, ҳам хун доду хун гирифт,
То нагсилад зи наслҳо пайванди одамӣ.

Мо шохношикастаю нокордидаем.
Бо ин сари ҷавони худ ҳоло чӣ дидаем?
Гарчи ба дӯши ин замин бори гарон наем,
Бори варо ба дӯши худ мо кам кашидаем.

Мо тифлакони беғами гаҳворагӣ будем,
Гаҳвораи ҳаёти мо бо ашки модарон
Осудаю бароҳату гарму дуруст монд,
Ҳампою рӯбарӯй бо тобути ҷангиён.

Аз бенавоӣ хушк шуд пистони модарон,
Модар-замин барои мо бесина шир дод.
Хоки Ватан чу суфраи заррини офтоб
Бар пайкари наҳифи мо нерӯи шер дод.

Имрӯз чун зи сабзаю гулҳои қабрҳо,
К-он ҷо шаҳидгаштагон хобанд ҷовидон,
Бӯи кароҳатовари борут бишнавам;
Имрӯз чун зи машъали пои мазорҳо
Сад даъвату хитобаю сад оҳу сад фиғон
Аз он касони ҷисмашон нобуд бишнавам,
Бар рӯҳи хокхуфтагон савганд мехурам:

Хуршед гар фурӯ равад сӯи ғурубгоҳ,
Ман аз канори гарми ту чун тифли ширхор
Ҷое намеравам.
Маҳтоб кам шавад агар,
Ман кам намешавам,
Афтад ситора аз фалак беному бенишон,
Ман аз самои меҳри ту ҷое намеравам.
Оғози ман зи модару анҷоми ман зи туст,
Ному нишону шуҳрату пайғоми ман зи туст.
Гар чашмҳои равшани мардони роҳи ту
Бар хоку хун фитод,
Бо по намезанам,
Ойина мекунам.
Гар пои чӯбии падар ё ки бародаре
Аз колбад ҷудо,
Берун зи дахмаҳо
Монад ба нимароҳ
Чун пойбасти ҳайкале афрозамаш баланд,
Ё чун сутуни мақбара бар ёдгори ӯ!

Инак ману дифоъи ту, эй модари Ватан,
Ман дар паноҳи ту,
Ту дар паноҳи ман!

[1968]

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵