Меҳмон
TJ | FA | EN | RU
محتوای سایت

شاعران کلاسیک

پیکرة رودکی
پیکرة مولانا

شاعران مدرن

پیکرة لایفق شیرعلی
جستوجوی

Воридшавӣ
 Номнависӣ
Исм: 
Рамз: 
     
اندرز ها
بی عظم دروست و سعی کامل،
کسرا نشود مراد حاسیل.
سعدی
www.termcom.tj
همچون صحیفة شروع پذیرفته شود
به روی خت شبکه انتخاب شده (دوست داشته) داخل نمودن
در بارة سایت
به ما نویسید
 

پیکرة لایق شیر علی
1941 - 2000


Хоки Ватан

КӮҲИСТОН

На масҷид монда, на минбар, ҳама вайронаву абтар
Намеояд дигар бар гӯш овози азонхоне.
Ба тоқу бар равоқи хонақоҳи бехудо холӣ
Кабӯтарҳои саҳро мекунанд акнун парафшонӣ.

Зи меҳробаш биёяд хониши гунҷишкҳо бар гӯш,
На овози кашишдори муаззин – ҳайкали фанде.
Дигар бар печи дастори сафеди мӯсафедон ҳам
Малоикҳо намешинанд чун файзи худовандӣ.

Ҷавонон пои маҳсӣ хонда оятҳои “Қуръон”-ро,
Дигар бар сӯи масҷидҳо худокобӣ намеоянд.
Саҳар ё шом пирони батоат рӯи ҷойандоз
Саропо гӯшу ҳуш бонги муаззинро намепоянд.

Паямбарҳо муаллақ мондаю ночор
дар байни худою бандагони ӯ,
Ба мисли содадузде, ки ба даст афтад шаби маҳтоб.
Замин аммо, агар коранд, ҳосил медиҳад ҳар сол
Ба деҳқони сабукдасти ба айёми дарав бехоб...

Дигар расму таомулҳои аҷдодӣ фурӯ мурданд,
Ки баҳри пойдорӣ ҳар яке муҳри худоӣ дошт.
Ба чашми мардумони хоксору содаи куҳсор
Чу мероси азизи модарон қадру сафое дошт.

Вале ман зинда хоҳам кард он расму таомулро,
Ки бар он муҳри дасти рӯзгорон пахш гардида.
Ҳамон расму таомулро, ки бо он мардумони пок
Чашида пухтаю хоми ҳаёту умр варзида.

Ман омухтам аз он расму таомул дилшиносиро,
Ба тору пуди одамҳо бипечидан, напечидан.
Нахустин панди қадру эътибори дӯст донистан,
Нахустин панди кайфароварӣ бар фитнаи душман.

Дар ин ҷо гар биёяд меҳмони хушдилу нийят
Шарофатманд меҳмоне, ки хушпою қадам бошад.
Пас аз ӯ чанд муддат хонаро ҳаргиз намерӯбанд,
Пас аз ӯ хонарӯбӣ як гуноҳи пурситам бошад.

Намерӯбанд, то файзи қадамҳояш, дуою нийяти покаш,
Шарофатҳои дидораш нагардад чангу бод алъон.
Агар меҳмони бепою қадам, бехосият бошад,
Пас аз ӯ нақши пояшро зи рӯи хок мерӯбанд,
Фиканда аз пасаш лахча, “Раҳат бодо сияҳ!”-гӯён.
Ҳамин аст, эй бародар,
Ҷумлаи мероси ман аз санги кӯҳистон!

5.04.1966 – Новороссийск

 
مقاله های آخرین
آیندة تاجیکستان
پایه های گستریش زبان ملّی.
قائده های سزیش.
زبان علمی و زبان ادبئ ملّی.
مسعله های استاندارت سازی .
زبان رکن اساسی ترین دولتداری اس .
دوستان ما
www.cit.tj- مکتب تکنلوژیه های اطلا عاتی و ارتباطی
ج س ت پ ببلان- ت
خزینة کودکان «آشیان بلند» به نام میرزا تورسون زاده
 
   
© 2006-2007 termcom, shuk_design. All Rights Reserved
tel: (+992 37) 227 28 52; E-mail: info@termcom.tj جمهرئ تاجیکستان، شهر دوشنبه، خیابان رودکی ۷۶۴۰۲۵