|
|
|
Поиск |
|
|
Воридшавӣ
|
|
Книга наставление |
Не диво, что стремлюсь я в край родной:
Ведь родина, как жизнь, душе близка.
Прольют на море дождик проливной,
Из моря же взяв воду, облака.
Кто с перлами знаком и с их ценой,
Того влечет в глубины рудника.
Везир - на высшей службе должностной,
А всё ж в семью его манит тоска.
И соколу милее дол степной,
А не почет и шахская рука!
Хафиз Хорезми |
|
www.termcom.tj |
Сделать стартовой
Добавить в избранное
Пишите нам!
О сайте
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Шоирони ҳамасри Рӯдакӣ |
|
|
Пайғамбарон фиристодани арҷосп Гуштоспро
Чу пардохт аз нома дастури шоҳ Ба пеши ҳама меҳтарони сипоҳ, Фарозаш навардиду кардаш нишон, Бидодаш бад-он ҷодуи баднишон. Бихонд он замон назди худ Номхост, Дигар Бедирафш он ки худ ном хост. Ки Гуштоспи Лӯҳроспшаҳро бигӯй, К-аз ин сон чӣ резӣ ҳаме обрӯй? Гар ин гуфти ман сар ба сар бишнавӣ, Бар он пир бо дини бад нангарӣ. Биёрӣ, бисӯзӣ варо пеши хеш, Дигарбора тоза кунӣ кеши хеш. Гар Оҳарман аст ӯву носозгор, Ба дастур гӯяш варо пешам ор. Ҳама мӯбадону радонро бихон, Ба оини эшон биёрой хон. Бифармой, то пеши эшон дабир Бихонад мар ин номаи дилпазир. Ба Зардушт гӯяд, ки инро ҷавоб, Ба Арҷосп бинвис ҳам дар шитоб. Биёвар ту ҳуҷҷат бар ин дини хеш, Ки то ман кашам рӯй аз кини хеш. Чу бурҳон бибинам, бад-ӯ бигравам, В-агар беҳуда бошад, он нашнавам. Ба чизе, ки гӯяд ба пешат дурӯғ, Нигар, то нагирад дилат з-он фурӯғ. Зи ман бишнав ин рост некӯ сухун, Ту бар подшо подшоҳӣ макун.
Саҳифаи 1/3
| | | | | | | << Саҳифаи пештара | Мундариҷа | Саҳифаи дигар >>
|
|
|
|
|
|